Даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст:

Даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст:

  • Post category:Ҷаҳон

Россия дар ҷойи даҳум
Шумораи шахсони гирифтор ба коронавируси COVID-19 дар Россия 4 785 нафар  зиёд  шуда, 36 793 нафарро  ташкил медиҳад. Аз рӯи ин нишондод Россия аз Белгия, ки дар он 36 138 ҳолати сироятёбӣ  ба  қайд  гирифта  шудааст, пеш гузашта, дар  ҷаҳон ба ҷои 10-ум  баромад.  Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Ҳамчунин теъдоди беморони шифоёфта дар Россия ба 3 057 нафар ва шумораи фавтидагон ба 313 кас расид.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Россия ҳамчунин ИМА (710 272 нафар), Испания (190 839 нафар), Италия (172 434), Франсия (147 969), Германия (141 397), Британияи Кабир (108 692), Чин (82 719), Эрон (79 494) ва Туркия (78 546) дохил мешаванд.
Дар Украина низ теъдоди мубталоён зиёд шуда, давоми рӯз 444 ҳолати нав ошкор гардид. Дар маҷмӯъ шумораи беморон дар он 5 106 нафар буда, аз онҳо 275 кас шифо ёфтаанд ва 133 нафар фавтидаанд.
Шумораи гирифторон ба ин вирус дар Арманистон 47 нафар зиёд шуда, 1248 касро ташкил медиҳад. Дар ин давлати минтақаи Қафқоз 523 нафар шифо ёфта, 20 каси дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ