Нахустин бор фикри ба карантин гирифтани беморони сироятӣ аз ҷониби кӣ пешниҳод гардидааст?

Нахустин бор фикри ба карантин гирифтани беморони сироятӣ аз ҷониби кӣ пешниҳод гардидааст?


Нахустин бор фикри ба карантин фаро гирифтани беморони сироятӣ аз ҷониби донишманду файласуф, ҳакиму табиб, равоншиносу  риёзидон, ситорашиносу шоир Абуалӣ ибни Сино ба вуҷуд омадааст.
Дар китоби «Ал-қонун-фӣ-тибб»-и Ибни Сино омадааст, ки ӯ барои пешгирии сироят ёфтани одамон усули ҷудо кардани онҳоро давоми 40 рӯз таҳия намудааст. Зеро ба андешаи Шайхурраис, баъзе бемориҳо тавассути микроорганизмҳои хеле хурд, ки ба чашм намоён нестанд, паҳн мешаванд. Ва огоҳ кардааст, ки усули табобати ин гуна бемориҳо, аз ҷумла вабову тоун аз ҳам ҷудо кардани гурӯҳи одамони бемор аст, то дигаронро сироят накунанд.
Бояд гуфт, ки дар «Ал-қонун-фӣ-тибб» ин усул бо номи «арбайин» (чил) омадааст. Дар ҳамон замонҳо ба воситаи тоҷироне, ки тариқи роҳи Абрешим аз Чин ба Урупо мерафтанд, калимаи «карантин», ки маънояш «чил рӯз» аст, пайдо ва бисёр машҳур шудааст. Тоҷироне, ки борашонро бо киштӣ ба Рим мебурданд, чил рӯз интизор мешуданд, то киштӣ ба бандар ворид шавад. Вақте дар байнашон шахсони мариз пайдо мешуданд, онҳоро дар ҷойи алоҳида муддати чил рӯз нигоҳ медоштанд.

Карантин (фаронсавӣ quarantaine, италиявӣ. quarantena — чил рӯз) — маҷмӯи чораҳои маҳдудкунанда ва реҷавии зидди эпидемия мебошад, ки маҳдуд кардани тамоси шахси сироятшуда ё гурӯҳи шахсони сироятшуда, ҳайвон, бор, мол, воситаҳои нақлиёт, нуқтаи аҳолинишин, ҳудудҳо, минтақаҳо ва ғайраҳоро ифода мекунад. Дар ибтидо, калимаи «қарантина» маънои «вақт, иборат аз чил рӯз» дошт (италия: quaranta giorni – «чил рӯз»).

Он бори аввал дар асри XIV дар Венетсия барои ба таъхир андохтани киштиҳо аз дигар кишварҳо дар бандар истифода шудааст. Маҳз дар ҳамин муддат ҳамаи киштиҳо то бор кардан бояд якчанд масофа аз соҳил дур меистоданд. Ва танҳо дар охири асри XVIII маънои дуюми ин калима — «хонае, ки дар он нафарони аз ҷойҳои хатарнок омада нигоҳ дошта мешаванд», пайдо шуд.

Бештари вақт карантин ҳангоми бемориҳои сироятӣ, хусусан тоун, нағзаки сиёҳ ва вабо чил рӯз давом мекард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ