ДЕПУТАТҲО БО НАРХУ НАВОИ ХӮРОКВОРИҲО ШИНОС ШУДАНД


Дар бозор нарху наво чй хел? Оё маҳсулотҳои якуминдараҷаи хӯрокворӣ қимат шудаанд?
Барои ба чунин суолҳо ҷавоб ёфтан, бо мақсади аз наздик шинос шудан ва мӯътадил нигоҳ доштани нарху навои бозор, имрӯз депутатҳои Шӯрои намояндагони халқи шаҳри Самарқанд Баҳодур Раҳмонов ва Шоҳрух Алибеков бозорҳои ,, Темирйӯл» ва ,,Дамариқ» — и шаҳрро аз назар гузарониданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо роҳбарони бозорҳо ва фурӯшандаҳо маълум гардид, ки муҳити бозор назар ба рӯзҳои аввал беҳтар шудааст. Растаҳо бо селофанҳои муҳофизатӣ дар иҳота буда, масофаи бехатарӣ аз сироят байни фурӯшанда ва харидор таъмин карда шудааст. Барои риояи қоидаҳои гигиенӣ ва ҳифзи саломатии мардум ва ходимони бозор, дар даромадгоҳи бозорҳо аппаратҳои дезинфексионӣ ва ҳароратсанҷи доимӣ кор мавҷуд мебошад. Барои мӯътадил нигоҳ доштани нархи бозорҳо растаҳои махуси деҳқонӣ ташкил карда шудааст.
Дар шароити имрӯзае, ки хавфи панденемияи коронавирус фаро гирифтааст, мардум худро бештар ба бозор мезананд ва ниёз ба маҳсулотҳои хӯрокворӣ доранд. Мақсади асосии мо дар навбати аввал ҳимояи бозорҳо аз ҷиҳати гигиенӣ ва мӯътадил нигоҳ доштани нарху навои бозорҳо мебошад — гуфт ҳангоми мулоқот депутат Б.Раҳмонов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ