Олимаи самарқандӣ дар давраи карантин ғолиби озмуни байналхалқии “Кори тадқиқотии беҳтарини сол-2020” гардид

Олимаи самарқандӣ дар давраи карантин ғолиби озмуни байналхалқии “Кори тадқиқотии беҳтарини сол-2020” гардид


Гулмира Келдиёрова – докторанти факултети экология ва ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд мебошад. Ҳоло олимаи пухтакор дар мавзӯи “Баҳогузории самаранокии кори таҷҳизоти тозакунандаи газ ва гард дар корхонаи истеҳсолии шифер” тадқиқот мегузаронад. Натиҷаи ҳамин гуна корҳои тадқиқотӣ аст, ки дар қарибӣ дар озмуни байналхалқии “Кори тадқиқотии беҳтарини сол-2020”, ки дар Федератсияи Россия гузаронида шуд аз рӯи равияи техника ҷойи якумро сазовор шуд.

  • Озмун ба тарзи онлайн гузаронида шуд ва мо иштироки олимони бисёри кишварҳои ҷаҳонро мушоҳида кардем, — гуфт Гулмира Келдиёрова. – Вақте ки ба ман номаи электронӣ бо дипломи гирифтани ҷоизаро фиристоданд, ба чашмонам бовар накардам. Рости гап, дар озмуни байналхалқи соҳиби ҷоиза гаштанам бароям хеле ҳаяҷоновар аст. Зеро, интизор набудам, ки дар озмуне, ки олимони якчанд кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд, сазовори ҷойи якум мегардам.
    Бояд гуфт, ки Гулмира Келдиёрова ҳоло докторанти факултети экология ва ҷуғрофияи ДДС бошад ҳам, таълими бакалавриро дар Донишкадаи давлатии лоиҳакашӣ ва сохтмони Самарқанд гирифтааст. Яъне, ба дониши бунёдӣ аз рӯи фаъолияти корхонаҳои сохтмонро соҳиб аст. Бинобар ин, бо дониши худ ба соҳаи экология ҳиссаи муносиби худро мегузорад. Ғайр аз ин, мубориза бар зидди моддаҳои зарароваре, ки тавассути корхонаҳои саноатӣ ба ҳаво мебарояд, орзуи деринаи ӯ мебошад.
  • Дар наздикии хонаи истиқоматии мо якчанд корхонаҳои саноатӣ ҳастанд ва дуди заҳролудшудаи онҳо ҳамеша маро ба ташвиш меовард, — гуфт Гулмира. Аз ин рӯ, ман ба омӯзиши кӯшиш кардам. Мақсади ман кам кардани партовҳои зараровар ба ҳаво, натанҳо дар истеҳсоли шифер балки дар фаъолияти корхонаҳои дигари истеҳсолӣ низ мебошад.
    Худи ҳамин сол ин муваффақияти дуввуми Гулмира Келдиёрова мебошад. Ӯ инчунин, дар оғози соли ҷорӣ ғолиби номгӯи “Лоиҳаи инноватсионии самарабахши беҳтарин”-и озмуни ҷумҳуриятии III “100 лоиҳаи беҳтарини инноватсионии бонувони Ӯзбекистон” гардидааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ