Парвардаҳои сабзаҷот мерасонанд

Парвардаҳои сабзаҷот мерасонанд

Дар хоҷагии фермерии «Ӯроқов Маҳмуджон боғлари» — и ноҳияи Самарқанд барои эҳтиёҷи хоҷагии худ, инчунин хоҷагиҳои гирду атроф ва соҳибони замини наздиҳавлигӣ парвардаҳои сабзаҷот мерасонанд. Қариб 20 нафар аъзои хоҷагӣ дар зери плёнка парвардаҳои карам, помидор, қаланфури булғорӣ ва ғайраи сабзавотро тайёр мекунанд. — Се нафар аъзои хоҷагӣ дар 40 хол зери плёнка парвардаҳо мерасонем. То ин вақт 900000 бех парвардаҳои карами оддӣ ва гулкарам, 50000 бех навъҳои «Элита», «Супер рейд» ва «Лажан»- и помидорро тақсим кардем. Парвардаҳои қаланфури булғориамон рӯзҳои наздик тайёр мешавад. Баъди холӣ шудани замин ба ҷояш навъҳои дигари сабзаҷотро мекорем, — гуфт аъзои хоҷагии мазкур Ӯктам Ҳомидов.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ