Эрон: 80 868 нафар гирифтори коронавирус шуд, 55987 нафар шифо ёфтанд, 5031 нафар вафот карданд


Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, то кунун 55 987 нафар аз касоне, ки дар ин кишвар ба коронавирус гирифтор шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобитумумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон имрӯз ҷамъи хабарнигорон гуфт дар 24 соати ахир 1374 бемори ҷадид ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории «Парстудей».
Вай афзуд, то кунун дар Эрон 80 868 нафар гирифтори коронавирус шудааст.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо таасуф илова кард, ки дар 24 соати ахир аз ин вирус 73 ҷонбохтааст ва шумории умумии нафарони фавтида аз коронавирус дар Эрон ба 5031 нафар расидааст.
Вай қайд кард, ки мардуми Эрон дар саросари кишвар бо роҳандозии размоиши саросарии «Кумаки муъминона» барои хидматрасонӣ ба ниёзмандон ва қишрҳои осебдида аз бемории корона ва афроде, ки касбу кори худро бар асари паҳншавии ин вирус аз даст додаанд, вориди амал шудаанд.
Тибқи ин тарҳ, кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии мардум дар саросари Эрон ҷамъоварӣ ва ба дасти ниёзмандони ҳамон минтақа хоҳад расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ