Барфрезиҳои охир дар Тоҷикистон қариб 30 фоизи дарахтони мевадиҳандаро нобуд кард

Барфрезиҳои охир дар Тоҷикистон қариб 30 фоизи дарахтони мевадиҳандаро нобуд кард

  • Post category:Ҷаҳон


Бориши барфи шадид ва боронҳое, ки ҳафтаи гузашта дар Ҷумҳурияти Тоҷикистон рух дод, як қисми ҳосили мева ва сабзавотро дар саросари ҷумҳурӣ нобуд кард, хабар медиҳад РИА Новости дар такя ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурияти Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, барф ва шамоли шадид дар кишвар бисёре аз дарахтонро шикаст, гармхонаҳоро вайрон кард ва сардиҳои шабона бошад меваҳои гелос, зардолу ва олуро нобуд кард.
Манбаъ мегӯяд, сардиҳои ахир дар ҷануби Тоҷикистон ба зироатҳои пахта, нахуд, ангур ва гелос таъсир расонд. Ҳамчунин, дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон тухмии пахта дар майдони зиёда аз 830 гектар нобуд шуд.
Гуфта мешавад, шамолу барфрезиҳои ахир ба ҳар як деҳқон аз 35 то 40 ҳазор сомонӣ (3,5-4 ҳазор доллар) зарар расонидааст. Бар замми ин, барф 30% дарахтони мевадиҳандаро нобуд кард.
Вазорат гуфтааст, сабзавот, ки қаблан дар майдони кушод шинонда шуда буданд, сардиҳои шабро онро нобуд кард.
Ба таъкиди ин ниҳод, дар Истаравшан бештар токзорҳо зарар диданд, барф 25-30% ҳосили имконпазирро нобуд кард.

Тибқи иттилои вазорати кишоварзӣ, ҳоло ниҳолҳои қариб тамоми помидор, бодиринг ва сабзӣ бояд дубора кошта шаванд.

Ёдовар мешавем, санаи 9 апрел дар кишвар барфи ногаҳонӣ борид ва шамолҳои шадид баъди он рух дод. 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ