Донишмандони эронӣ геноми коронавирусро аниқ карданд

Донишмандони эронӣ геноми коронавирусро аниқ карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Донишмадони эронӣ эълон карданд, ки барои аввалин бор дар кишвар тавонистанд геноми коронавирусро таъин ва рамзи генетикии онро мушаххас кунанд.
Сируси Зайналӣ, раиси Анҷумани биотехнологияи Эрон рӯзи ҷумъа бо баёни ин, ки то кунун наздик ба 4 000 таъини пайдарпаии  коронавирус ба сабт расида, ки бахши умдаи он марбут ба Амрико аст, афзуд донишмандони эронӣ дар шароити таҳрим тавонистанд ба ин муваффақият даст ёбанд ва онро таъини пайдарпаӣ кунанд, иттилоъ додаас хабаргузории “Парстудей”.
Зайналӣ бо ишора ба мавзӯи ҷаҳиши генетикии коронавирус дар ҷомеаҳои илмӣ ва умумӣ қайд кардааст, ки бархе мӯътақиданд, ки ин вирус дар Эрон ҷаҳиш ёфта ва доиман дар ҳоли тағйир аст, ки бар асоси таъинин пайдарпаӣ, навъи эронӣ ва дигар маворид, ин мавзӯъ сиҳат надорад.
Вай ҳамчунин афзуд, бо таъини пайдарпаӣ коронавирус мушаххас шуд, ки дар сурати тавлиди ваксина ё дору барои коронавирус, дар тамомии кишварҳо қобили истифода буда ва ниёзе ба тавлиди ваксинаи ихтисосии ҳар ҷамъият ё кишваре нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ