Ӯзбекистон як миқдор ниқобҳои тиббиро ба Россия фиристод

Ӯзбекистон як миқдор ниқобҳои тиббиро ба Россия фиристод


Мувофиқи маълумотҳо, аз Ӯзбекистон ба Россия ҳамагӣ 5 миллион ниқоб ва докаи тиббӣ фиристода мешавад.
Гурӯҳи аввали кӯмаки башардӯстонаи Ӯзбекистон — ниқобҳои тиббӣ ба Маскав омадаанд, — гӯён хабар медиҳад ҷонишини сарвазири Россия Алексей Оверчук.
Ниқобҳои тиббӣ аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон дар доираи мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус фиристода шуд.
«Ашёҳои тиббии мазкур пеш аз ҳама ба онҳое, ки бар пандемия мубориза мебаранд, расонида мешавад»- гуфт Оверчук.
Бояд гуфт, ки то имрӯз Ӯзбекистон ба Венгиря, Беларус, Хитой, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Афғонистон низ кӯмакҳои башардӯстона фиристода буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ