ДАР ЗАНГИОТА СОХТМОНИ КЛАСТЕРИ БУЗУРГИ ДОРУСОЗӢ ОҒОЗ ЁФТ



  17 апрел дар ноҳияи Зангиотаи вилояти Тошканд бахшида ба оғози сохтмони кластери инноватсионии илмию истеҳсолии дорусозии “Tashkent Pharma Park” чорабинӣ ба амал омад.

Дар ин чорабинӣ дар тартиби алоқаи видеоконфронс Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Имрӯз, вақте ки пандемияи коронавирус ба инсоният бо бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, дар мамлакатамон оид ​​ба рушди тиб ва таъмини аҳолӣ бо дорувориҳои баландсифат лоиҳаҳои бузург ба амал бароварда мешаванд. Чорабиниҳои самараноки фаврии бо ташаббуси Президент андешидашуда дар пешгирӣ ва рафъи саривақтии таҳдидҳо, ки метавонанд дар натиҷаи коронавирус ба вуҷуд оянд, аҳамияти муҳим доранд.

Дар ин самт, сохтмони кластери инноватсионии илмию истеҳсолии дорусозии “Tashkent Pharma Park” воқеаи таърихӣ гардид.

Маълум аст, ки тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи тибби рақамӣ, телемедицина, аз назорати баландихтисоси тиббӣ гузарондани аҳолӣ  — аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад. Созишнома дар бораи сохтмони кластери инноватсионии “Tashkent Pharma Park” ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Корея Мун Чже Ин ба мамлакати мо 18-21 апрели соли 2019 ба даст омада буд.

Мувофиқи ин созишнома чунин мақсадҳо, мисли дар соҳаи дорусозии мамлакати мо ташаккул додани  системаи рушди иқтидори таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, омодасозии кадрҳо барои дорусозӣ дар асоси беҳтарин барномаҳои таълимии хориҷӣ, ҷалби истеҳсолоти технологияи баланд пешбинӣ шуда буданд.

Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи январи соли ҷорӣ қабул шудааст, консепсия ва чораҳои амалии ташкили кластери инноватсионӣ тасдиқ шуданд. Бо ин мақсад дар ноҳияи Зангиато 79 гектар замин ҷудо карда шуд. Дар минтақа ташкили кластери ягонаи замонавии дорусозӣ бо созмон додани беш аз 1700 ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби татбиқи 14 лоиҳаи сармоягузорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Зимни телекӯпрук сарвари давлатамон бо нақшаҳо ва корҳо оид ба татбиқи ин лоиҳа, ки ба ташкили истеҳсоли доруҳои инноватсионӣ, маснуот ва техникаи таъиноти тиббии дорои хусусиятҳои сифати баланд, қонеъ кардани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба ин маҳсулот, тайёр кардани кадрҳои замонавӣ, инчунин рушди дорусозии ватанӣ ва умуман созмон додани инфрасохтори самарабахш нигаронда шудаст, шинос шуд. Кластери арзиши умумиаш 279 миллион доллар аз технопарк ва минтақаи саноатӣ иборат хоҳад буд. Парки саноатӣ секторҳои фаъолияти академӣ, илмӣ ва оид ба коркарди воситаҳои дорувориро фаро мегирад. Аз ҷумла, таъсиси Донишгоҳи техникии дорусозӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба минтақаи саноатӣ иқтидорҳои истеҳсолии ширкатҳои бонуфузи дорусозӣ ҷойгир хоҳанд шуд.

Дар оянда кушодани клиникаҳои хориҷӣ, марказҳои тиббӣ, васеъ гардондани инфрасохтори кластер ба нақша гирифта шудааст.

Бо Бунёди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Эксимбонки Куриёи Ҷанубӣ дар бораи маблағгузории сохторҳои илмию таълимии кластер бо пешниҳоди қарзи дарозмуддат ба маблағи 136 миллион доллари ИМА шартнома ба имзо расид.

Шӯрои парасторон ва мудирияти  кластери инноватсионии илмию истеҳсолии дорусозии “Tashkent Pharma Park” таъсис дода шуд. Вазифаҳои дирексияро Агентии рушди соҳаи дорусозии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иҷро менамояд.

Бо оғози лоиҳаи бузургмиқёс дар кишвари мо дар замоне, ки дар бисёр кишварҳо дар шароити пандемия мушкилоти зиёд ба назар мерасанд, диққати махсус ба ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини фаъолияти муттасили саноат дода мешавад.

– Мардум таваҷҷӯҳи солҳои охир ба рушди соҳаи тиб додашуда, алалхусус натиҷаҳои мусбати мубориза бар зидди пандемияро эҳсос мекунанд. Дар шароити ҳозира истеҳсоли дорувории босифат масъалаи муҳим мебошад. Айни замон, бозори дохилӣ бо маҳсулоти дорусозии ватанӣ ҳамагӣ 20 фоиз таъмин карда шудааст. Бо назардошти ин ва таъмин кардани муносибати комилан нав ба соҳа аввали сол дар бораи созмон додани кластери фарматсевтӣ қарор қабул шуда буд. Чанде пеш мо тавассути  телефон бо Президенти Ҷумҳурии Куриё кори амалиро баррасӣ кардем. Вазъияти кунунӣ нишон медиҳ

ад, ки агар дар соҳаи фармасевтӣ барои қонеъ кардани бозори дохилӣ пешравӣ ба назар нарасад, вазъият бадтар мешавад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бо сабаби паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон норасоии доруҳо ва таҷҳизоти тиббӣ ба миён омад. Мувофиқи лоиҳае, ки дар мамлакати мо татбиқ мегардад, истеҳсоли воситаҳои дорувориии замонавӣ, серхаридор, ба содирот нигаронидашуда ва таҷҳизоти тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тайёркунии кадрҳо, иқтидори илмӣ, бо таҷҳизот таъмин будани Донишкадаи дорусозии Тошканд ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд. Дар донишгоҳи нав, ки дар кластери фарматсевтӣ таъсис дода мешавад, мутахассисони баландихтисос барои истеҳсоли доруҳо, воситаҳои косметикӣ, маҳсулоти тиббӣ тайёр карда хоҳанд шуд.

Дар ҳудуди технопарк лабораторияҳои таълимии донишгоҳ, манзили зист барои донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони хориҷӣ, маркази симпозиумҳо, меҳмонхона, маҷмӯи варзишиву солимгардонӣ, марказҳои тадқиқотӣ, тиббӣ ва дорусозӣ, Маркази давлатии экспертизаи маҳсулоти дорусозӣ ҷойгир мешаванд.

Дар минтақаи саноатӣ аз ҷониби ширкатҳои бонуфузи дорусозии Куриёи Ҷанубӣ, Чехия, Украина лоиҳаҳои сармоягузории арзишашон  80 миллион доллар татбиқ кард мешаванд.

Президент қайд кард, ки кластер дар соҳаи тиб ва дорусозии кишварамон лоиҳаи муҳим ба ҳисоб меравад ва оид ба сари вақт ва хушсифат ба анҷом расондани сохтмон супориш дод.

Шахсони мансабдор ва шарикон-сармоягузорони Корея дар майдони сохтмон таъкид карданд, ки барои бомуваффақият ба кор даровардани кластери инноватсионии баландтехнологӣ тамоми чораҳо андешида шудаанд ва изҳор намуданд, ки ба оғози сохтмон омодаанд.

Роҳбари давлат ба сохтмон оғоз бахшид.

– Имрӯз барои саноати дорусозии кишвар рӯзи таърихӣ мебошад. Президент ба рушди соҳаи дорусозӣ эътибори калон медиҳад. Дар ин самт кластер имкони ба натиҷаҳои баланд ноил шуданро фароҳам меорад. Дар кластер тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, истеҳсоли намудҳои нави доруворӣ дар асоси дастовардҳои илмии олимони мо пешбинӣ шудааст. Ин бобати ба бозори ҷаҳонӣ баромадани саноати дорусозии ватанӣ роҳе васеъ фароҳам мерад, – гуфт директори Агентии рушди соҳаи дорусозӣ Сардор Қориев.

– Сарфи назар аз  вазъияти мураккаби дар  ҷаҳон аз сабаби коронавирус ба амаломада, Ҷумҳурии Куриё ва Ӯзбекистон барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи тиб аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Ин лоиҳа ба рушди саноати дорусозӣ дар Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард. Ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Куриё ба мамлакати шумо соли гузашта дар ин самт созишнома ба даст омада буд.  Имрӯз ин лоиҳа рамзи ҳамкориҳои байни кишварҳоямон гаштааст, – гуфт роҳбари намояндагии Эксимбонки Куриё дар Ӯзбекистон Чо Ингю.

Кластери нав аввалин шаҳраки илмии ба худ хос гардида, барои рушди тамоми соҳа заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Ба таври васеъ истифода бурдан аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дастовардҳои пешқадами  илмӣ, ҷорӣ кардани қарорҳои инноватсионӣ ва технологияҳои баланд он илму саноати дорусозии  ватаниро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.

Матназар ЭЛМУРОДОВ, мухбири ӮзА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ