Маркази ҷумҳуриятии перинаталӣ бинобар карантин баста шуд

Маркази ҷумҳуриятии перинаталӣ бинобар карантин баста шуд


16-уми апрел дар яке аз занҳои ҳомиладори Маркази ҷумҳуриятии перинаталии назди (SamPI) Донишкадаи педиатрии Тошканд сирояти коронавирус муайян гашта, марказ карантин карда шуд. Дар ин бора, аъзои ҳайати мубориза бар зидди коронавирус дар назди Вазорати тандурустӣ Ҳабибулла Акилов хабар дод.
Дар брифинг дар AOKA хабар дода шуд, ки ин зан ба бинои махсуси таваллудгоҳи рақами 3-юм гузаронида шуда, марказ барои карантин баста шудааст.
Ҳангоми таҳлили кормандон ва дигар беморон дигар ба ягон нафар сирояти коронавирус дида нашудааст ва маълум карда шуд, ки масъалаи кушодани марказ бояд тибқи қоидаҳои карантинӣ ҳалли худро ёбад.
Дар брифинг намояндаи вазорат гуфт, ки то имрӯз дар Ӯзбекистон беш аз 100,000 нафар барои санҷиши коронавирус санҷида шудаанд ва дар ояндаи наздик ин рақам ба ним миллион нафар расонида мешавад.
Қаблан таваллудхонаи рақами 6 -и шаҳри Тошканд карантин шуда буд. Беморхонаи клиникии 7-уми шаҳрӣ ва поликлиникаи 8-уми оилавии Тошканд низ дар карантин мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ