Дар Эрон вазъият беҳтар мегардад: беш аз 57 ҳазор гирифторони коронавирус шифо ёфтанд

Дар Эрон вазъият беҳтар мегардад: беш аз 57 ҳазор гирифторони коронавирус шифо ёфтанд
  • Post category:Ҷаҳон


Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи якшанбе, дар гуфтугӯ бо хабарнигрон, гуфт, то ҳол беш аз 57 ҳазор маризи коронавирус шифо ёфта, бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Тибқи иттилои хабаргузории “Парстудей”, 1 343 бемори нави коронавирус дар 24 соати гузашта шиносоӣ шуданд.
Манбаъ афзуд, то кунун 82 211 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.
Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 87 нафар дар 24 соати гузашта афзуд, фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 5 ҳазору 118 нафар расидааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ