Нурболот Усенбоев: Қирғизистон ба нуқтаи авҷи бемории коронавирус наздик омадааст

Нурболот Усенбоев: Қирғизистон ба нуқтаи авҷи бемории коронавирус наздик омадааст


Қирғизистон ба нуқтаи авҷи маризии коронавирус наздик омадааст. Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии ин кишвар Нурболот Усенбоев, ҳафтаи оянда теъдоди маризон якбора рӯ ба афзоиш мениҳад.
Масъули вазорати беҳдошт дар ин бора зимни нишасти хабари изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло вақти сабук кардани режими хонашинӣ ва қарантин нест, чун Қирғизистон ҳоло нуқтаи баланди авҷи ин бемориро паси сар накардааст.
«Тибқи пешгӯиҳои пешакии мо, ҳафтаи оянда шояд сатҳи баландтарин ба қайд гирифта шавад. Шояд мо дар ин муддат шумораи зиёди дардмандонро ошкор кунем. Аммо одатан пас аз авҷи баландтарин, эпидемия рӯ ба коҳиш мениҳад.», — афзудааст муовини вазир.
Дар Қирғизистон 544 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт ардидааст, ки 48 ҳолати он шабонарӯзи гузашта сурат гирифтааст. Қаблан ҳукумати ин кишвар то санаи 15 — уми апрел қарантин эълон намуда буд. Вале чун вазъ беҳбуд наёфт, роҳбарияти ин кишвар дастур дод, ки мӯҳлати қарантин то 30 — юми апрел тамдид гардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ