Дар Маскав аз 22 — юми апрел ба назорати иҷозатномаи рақамӣ барои берун шудан аз манзили зист тағйирот ворид карда мешавад

Дар Маскав аз 22 — юми апрел ба назорати иҷозатномаи рақамӣ барои берун шудан аз манзили зист тағйирот ворид карда мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Раиси шаҳри Маскав дар робита ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дастур додааст, ки мӯҳлати иҷозатномаҳои рақамӣ ва дигар маҳдудиятҳо то 1-уми май дароз карда шувад.
Режими хонашинӣ дар Маскав ҳамоно идома дорад. Ба роҳ мондани иҷозатномаи рақамӣ барои берун шудан аз манзили зист, то андозае вазъияти феълиро душвортар кард.
Чун ин иҷозатномаро кормандони пулис ба таври дастӣ аз санҷиш мегузаронанд, аз ин рӯ дар метро ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба танбашавии одамон оварда расонд.
Дар назар аст, ки сар аз 22 — юми апрел ба назорати иҷозатномаҳои рақамӣ тағйирот ворид шавад. Шояд тафтиши доштани чунин иҷозатномаҳо тариқи автоматӣ ба роҳ монда шавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ