Сарвазири Франсия ба аҳолӣ хушхабар расонд

Сарвазири Франсия ба аҳолӣ хушхабар расонд
  • Post category:Ҷаҳон

Ҳукумати Франсия гирифта партофтани якчанд маҳдудҳоро, ки аз сабаби коронавирус дар мамлакат ҷорӣ буд, маълум кард. Дирӯз, 19-уми апрел Сарвазири мамлакат Эдуард Филипп дар анҷумани матбуотӣ чунин гуфт: «Аз 11-уми май сар карда, баргардондани баъзе озодиамонро оғоз менамоем ва ба зинаи дуюм мегузарем» Дар моҳи май мактабҳо ба кор медароянд. Мағозаҳо кушода мешаванд. Аммо аз аҳолӣ дар ҷойҳои иҷтимоӣ доштани масофа талаб карда мешавад. Бино ба маълумоти охир дар мамлакат 152894 нафар ба коронавирус мубтало гаштанд. 36578 нафар шифо ёфт ва аз беморӣ 96598 нафар вафот кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ