Дар Афғонистон кормандони аппарати президенти кишвар гирифтори коронавирус гардиданд

Дар Афғонистон кормандони аппарати президенти кишвар гирифтори коронавирус гардиданд
  • Post category:Ҷаҳон


Як мақоми  давлатии Афғонистон, ки аз баёни номаш худдорӣ кардааст  хабар дод, ки ҳудуди 20 нафар дар кохи раёсати ҷумҳурӣ ба коронавирус мубтало шудаанд, аммо ин масъала пинҳон нигоҳ дошта шуда, то воҳима эҷод накунад, иттилоъ додааст Садои Хуросон, дар истинод ба хабаргузории Фаронса.
Бино бар иттилои манбаъ, як мақоми дигари афғон ин рақамро таъйид карда, гуфт, ки 12 нафар аз аъзои дафтари иҷроии раиси ҷумҳурӣ низ ба корона гирифтор шудаанд.
Сиддиқ Сиддиқӣ, котиби матбуоти раиси ҷумҳурӣ аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кард.
Имрӯзҳо дар пойтахти Афғонистон маҳдудиятҳое барои муқобила бо корона ба иҷро гузошта шуда ва ҳама ниҳодҳои давлатӣ таътил шудааст.
Бар асоси оморҳои расмӣ то кунун 933 нафар дар Афғонистон ба корона мубтало гашта ва 33 нафар низ ҷон бохтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ