«Шаввоз» дар вақти карантин қоидаро вайрон карда, ҷазо гирифт

«Шаввоз» дар вақти карантин қоидаро вайрон карда, ҷазо гирифт


Санаи 5 уми апрел, соати 21:00 сокини маҳаллаи Қӯйи Чордараи ноҳияи Самарқанд С.Н аз мағоза нӯшокии спиртӣ мехарад ва нӯшида дар вақти карантин бениқоб ба кӯча мебарояд.
Дар натиҷа, шаҳрванд С.Н худдорӣ карда натавониста .ба хонаи ҳамсояааш М.Х медарояд ва бо суханҳои ҳархела ҳақорат медиҳад. Аз ин ҳолат раиси маҳалла ва нозири профилактикӣ хабардор шуда, ба зудӣ меоянд ва нисбати ӯ ҳуҷҷатҳои расмӣ тартиб дода, ба суди маъмурӣ мефиристанд.
Суди маъмурии ноҳия ба гардани қонуншикан моддаи 183(қисми 1) ва моддаи 54 — и Кодекси ҷиноӣ гузошта, бо ин ҳаракатҳояш ӯро айбдор дониста шуд. Бо қарори суд ба шаҳрванд С. Н барои ин рафтораш ба миқдори 5 баробар ҷарима ва 15 шабонарӯз аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Хизмати Ахбори ҳокими ноҳияи Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ