Шумораи беморони коронавирус тағйир наёфт…

Шумораи беморони коронавирус тағйир наёфт…


Сарнозири давлатии санитарӣ Нурмат Отабеков рӯзи 20 -уми апрел соати 10:05 ҳангоми баромади худ дар шабакаи «Ӯзбекистон 24» таъкид намуд, ки дар Ӯзбекистон шумораи мубталоён ба коронавирус ба 1565 нафар расид.
Назар ба маълумотҳо ҳоло дар се муассисаи тиббии Тошканд 371 нафар бемор табобат мегиранд, ки 78 нафари онҳо нишонаҳои пневмонияи клиникӣ доранд.
Аз ҷумла, 94 нафар бемор дар клиникаи Институти тадқиқоти вирусология табобат мегиранд, 24 нафари онҳо нишонаҳои клиникии пневмония доранд, 4 нафар дар ҳолати вазнин, 1 нафар дар ҳолати боз ҳам вазнинтар қарор доранд.
Аз 83 беморе, ки дар Институти илмиву тадқиқотии эпидемиологиву микробиология ва бемориҳои сироятӣ табобат мегиранд, 2 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Ғайр аз ин, аз 194 бемороне, ки дар клиникаи бисёрсоҳаи Академияи тиббии Тошканд табобат мегиранд, 54 нафар нишонаҳои клиникии пневмония ва 5 нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Мувофиқи маълумоти Нурматов, дар санаи 19 -уми апрел дар Ӯзбекистон 11,8 ҳазор санҷиши тестӣ аз рӯи сирояти коронавирус гузаронида шудааст.
Аввалин ҳолати сирояти коронавирус дар Ӯзбекистон 15-уми март дар Тошканд тасдиқ карда шуд. То имрӯз вирус дар тамоми кишвар паҳн шуд.
Рӯзи 19-уми апрел шумораи беморон ба 75 нафар зиёд шуда ба 1565 нафар расид. То имрӯз 225 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва 5 нафар вафот карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ