Ожонси ташаббусҳои стратегӣ: дар давраи пандемия ҳуқуқҳои муҳоҷирон ба шаҳрвандони Русия баробар карда шавад

Ожонси ташаббусҳои стратегӣ: дар давраи пандемия ҳуқуқҳои муҳоҷирон ба шаҳрвандони Русия баробар карда шавад

  • Post category:Ҷаҳон


Ожонси ташаббусҳои стратегӣ, ба нахуствазири Русия Михаил Миншустин барои дастгирии муҳоҷирон дар пасманзури пандемияи коронавирус нома равон кардааст, хабар медиҳад ТАСС.
Ҳамин тавр, пешниҳод шудааст, ки дар давраи пандемия ҳуқуқҳои муҳоҷиронро ба шаҳрвандони Русия баробар кунанд ва ба онҳо низ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт шавад, омадааст дар нома.
Ожонс ҳамчунин пешниҳод карда, ки муҳоҷирони бекорро барои бозори кории холимонда омода кунанд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 18 апрел президенти Русия Владимир Путин фармоне имзо кард, ки мувофиқи он муҳоҷирон дар давоми се моҳ аз пардохти пули патент озод шуданд.
Ҳамчунин, дар баробари қатъи муваққатии пардохти патентпулӣ Владимир Путин  барои муҳоҷирон чанд сабукиҳои дигар дод.
Ҳамин тавр, бар асоси ин фармон, ки баробари имзо шуданаш ба иҷро даромад, замони будубош, сабти ном, замони эътибори патенту корти муҳоҷират ва дигар асноди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бидуни шаҳрвандӣ аз 15 март то 15 июн тамдид карда мешавад. Дар ин муддат ҳатто депорт ва ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ мутаваққиф карда мешавад.

Тибқи ин фармон, ҳамаи муҳоҷироне, ки то 15 март дар Русия патенту сабти ном ва корти муҳоҷират ё виза доштанд, замони эътибори ин санадҳояшон то 15 июн ба таври автоматӣ тамдид карда мешавад ва дар ин муддат онҳо набояд дигар барои тамдиди замони сабти ном ё патент навбат бипоянд ва пул супоранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ