Аз имрӯз дар аксари кишварҳои Аврупо зина ба зина маҳдудиятҳои карантин барҳам мехӯранд

Аз имрӯз дар аксари кишварҳои Аврупо зина ба зина маҳдудиятҳои карантин барҳам мехӯранд

  • Post category:Ҷаҳон


Аз имрӯз дар аксари кишварҳои Аврупо чораҳои коҳиши маҳдудиятҳо амалӣ хоҳанд шуд. Олмон иҷозат хоҳад дод, ки фурӯшгоҳҳое, ки андозаашон бештар аз 800 метри мураббаъ мебошанд, боз шаванд. Ҳамчунин салони мошинҳо, дучархаҳо ва мағозаҳои китобфурӯшӣ низ боз мешаванд.

Дар Ҷумҳурии Чех зина ба зина маҳдудиятҳои карантин барҳам мехӯранд. Ин ҷо бозорҳои саркушод боз мешавад ва ба шаҳрвандони иҷозат медиҳанд, ки ба зарурат ба хориҷа низ равуо дошта бошанд. Вале баъди бозгашт ҳатман 14 рӯз карантин хоҳанд шуд. 

Дар Фаронса рафтан ба аёдати солмандон ба хонаҳои пиронсолон иҷозат дода мешавад, вале иртиботи ҷисмонӣ мамнуъ аст. 

Дар Норвегия кӯдакистонҳо ва баъзе бемористонҳои вижа дарҳои худро боз мекунанд.

Дар Лаҳистон рафтан ба бешаҳо, гаштугузор дар боғҳо иҷозат дода мешавад ва ҳузури одамони зиёд дар мағозаҳо низ манъ нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ