COVID-19: вазъият дар ҷаҳон чӣ гуна аст?


Ба ҳолати субҳи 20 апрел дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба коронавирус ба 2 миллиону 407 ҳазору 341 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 625 ҳазору 127 кас ва фавтидагон 165 ҳазору 69 тан мебошад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 764 ҳазору 265 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 40 ҳазору 565 нафар ва шумораи шифоёфтагон 71 ҳазору 12 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 198 ҳазору 974 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 4 258 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 20 ҳазору 453 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 77 ҳазору 357 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 178 ҳазору 972 нафар ва теъдоди фавтидагон 23 ҳазору 660 нафар мебошад. Дар Франсия 152 ҳазору 894 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 19 718 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 145 ҳазору 742 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 642 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 120 ҳазору 67 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 16 ҳазору 60 нафар мебошад.
Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия, ки аз Чин пеш гузашт, ба 86 ҳазору 306 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 017 ва 11 976 нафар мебошад.
Дар Чин 82 ҳазору 747 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз ҳамагӣ 12 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 4 632 нафар вафот кардаанд.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 82 ҳазору 211 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 118 нафар вафот кардаанд.
Дар Россия, ки охири ҳафтаи гузашта аз рӯи теъдоди ҳолатҳои тасдиқшудаи беморӣ аз Белгия пеш гузашт ва дар ҷаҳон дар ҷои 10-ум қарор гирифт, дирӯз 6 060 мавриди нав ошкор шуда, шумораи сироятёфтагон ба 42 853 кас расид. Аз ин шумора 3 291 нафар табобат шуда, 361 кас фавтидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ