Дар Афғонистон ҳангоми ҳамлаи толибон 9 сарбоз ҳалок шуд


Дар вилояти Балхи Афғонистон ҳангоми ҳамлаи гурӯҳи террористии толибон 9 сарбоз ҳалок гардида, чаҳор шаҳрванд ва як кӯдак маҷрӯҳ шуданд. Дар ин бора, ToloNews хабар додааст.
Толибон шаби якшанбе дар баромадгоҳи ҳудуди Шолгара ҳамла анҷом доданд. Мувофиқи маълумоти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ду ҷангҷӯи толибон ва раҳбари онҳо кушта шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ