Дар Канада дар натиҷаи тирандозӣ 16 нафар кушта шуданд

Дар Канада дар натиҷаи тирандозӣ 16 нафар кушта шуданд
  • Post category:Ҷаҳон


Дар ҷараёни тирандозиҳои як марди мусаллаҳ дар вилояти Nova Scotia ё Шотландияи Нави Канада, ҳадди ақал 16 нафар кушта шуданд. Ин хунинтарин ҳамлаи мусаллаҳона аз соли 1989 ба ин тараф дар Канада аст. Дар ин ҳамла як корманди пулис низ кушта шудааст.
Пулис мегӯяд, ки фарди ҳамлавар либоси низомӣ ба тан дошт ва ҳатто мошини худро низ ба шакли мошини пулис ранг карда буд. Як мақоми баландпояи пулиси Канада рӯзи 19-уми апрел ба хабаргузориҳои ин кишвар гуфтааст, ки Габриел Вортмани 51-сола дар нуқтаҳои мухталифи ин вилоят 16 нафарро ба ҳалокат расонд. Мақомот мегӯянд, ки фарди гумонбар низ кушта шудааст.
Бино бар гузоришҳо, ҷасади шуморе аз кушташудаҳо дохил ва хориҷи хонае дар шаҳри хурди Портапик, дар 100 километрии Ҳалифакс пайдо шудааст. Мақомот гуфтанд, ки пулиси кушташуда Ҳейди Стевенсон ном дорад ва 23 сол собиқаи хизмат доштааст. Як корманди дигари пулис дар ин ҳамла захмӣ шудааст.
Пулиси Канада мегӯяд, ҳеҷ робитаи байни ҳамлагар ва шуморе аз ҷонбохтагон пайдо накардааст ва ҳанӯз намедонад сабаб ё ангезаи ин ҳамлаи хунин ва бесобиқа чист.
Дар ин вилоят ба монанди дигар минтақаҳои Канада бинобар паҳншавии коронавирус, маҳдудиятҳои рафтуомад ҷорӣ шудааст.
Nova Scotia дар соҳили ҷануб-шарқии Канада ҷойгир аст ва шаҳри Ҳалифакс маркази он мебошад. Масоҳати ин вилоят ҳудуди 55 ҳазор километри мураббаъ аст ва камтар аз 1 миллион аҳолӣ дорад.

orien.info

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ