Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Шӯрои Европа Шарл Мишел сӯҳбати телефонӣ анҷом дод

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Шӯрои Европа Шарл Мишел сӯҳбати телефонӣ анҷом дод



Имрӯз, 20-уми апрел Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Шӯрои Европа Шарл Мишел тавассути телефон сӯҳбат анҷом дод.
Дар рафти сӯҳбат нахуст масъалаҳои муҳими ҳамкории Ӯзбекистон ва Иттифоқи Европа дар соҳаҳои сиёсӣ-дипломатӣ, савдо-иқтисодӣ, инвеститсионӣ-гуманитарӣ баррасӣ карда шуд.
Бо мамнуният зикр гашт, ки солҳои охир шарикӣ босуръат ривоҷ меёбад ва ҳамкориҳо дар сатҳи гуногун фаъол мегардад.
Бахусус, мувофиқи нишондоди охири соли гузашта ҳаҷми савдои Ӯзбекистон бо мамлакатҳои Европа ба таври назаррас афзудааст. Бо иштироки ширкатҳои пешқадами Германия, Франсия, Италия, Белгия, Венгрия ва дигар давлатҳои Европа лоиҳаҳои муҳими инвеститсионӣ татбиқ мегарданд, адади корхонаҳои муштарак бошад аз 1000 зиёд шуд.
Президенти Шӯрои Европа ба чорабиниҳои, ки дар Ӯзбекистон бо мақсади мубориза ба муқобили сирояти коронавирус ва кам кардани таъсири манфии пандемия ба ислоҳотҳое, ки барои ривоҷдиҳии иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат амал мегарданд, баҳои баланд дод ва эътироф намуд.

Шарл Мишел таъкид кард, ки Иттифоқи Европа дар мубориза ба муқобили ин хатари глобалӣ барои ёрирасонии зарурӣ ба Ӯзбекистон омода аст ва дар бораи қабул гардидани қарор оиди бо ҳамин мақсадҳо ба мамлакатамон ҷудо кардани ёрии молиявӣ-техникӣ хабар дод.
Дар рафти сӯҳбат масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, нақшаи тадбирҳои сатҳи олии оянда низ баррасӣ шуд.
Дар анҷоми сӯҳбат қатъӣ будани мулоқоти конструктивии байни Ӯзбекистон ва Иттифоқи Европа ва ҳаракат барои инкишофдиҳии ҳамкориҳо таъкид гардид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ