Коронавирус: ҷавоб ба саволҳое, ки дар боби ин беморӣ зиёд пурсида мешаванд

Коронавирус: ҷавоб ба саволҳое, ки дар боби ин беморӣ зиёд пурсида мешаванд
  • Post category:Саломатӣ

Вируси короно ба афроди кадом синну сол сироят мекунад ва хатар дорад?
Бемории КОВИД-19 бемории сироятӣ буда, ба афроди ҳамаи синну сол метавонад сироят кунад. Аммо барои афроди аз синни панҷоҳ боло ва нафарони дорои системи эмании заъиф метавонад бештар осеб расонад.

Оё бемории Ковид-19 табобат дорад?
Феълан воксин ва табобати махсусе барои пешгирӣ аз гирифторӣ ба ин вирус вуҷуд надорад. Пизишкон танҳо нишонаҳои онро табобат мекунанд.

Оё гирифторон бемории короноро вазнин мегузаронанд?
Маъмулан, аломатҳои бемории КОВИД-19 ба зуком монанд аст. Аксари беморон онро ба таври сабук ва ҳатто беаломат мегузаронанд. Танҳо 15 дарсади гирифторон ниёз ба бистарӣ дар бемористон пайдо мекунанд.

Кадом роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ вуҷуд дорад?
Чанд чораи пешгирикунанда аз мубтало шудан ба бемории КОВИД-19-ро пизишкон тавсия медиҳанд, ки то ҳадде аз густариши босуръати он пешгирӣ мекунад:

-пӯшидани моск;

-риояти беҳдошт (гигиена)-и шахсӣ; -канора ҷустан аз маконҳои пуродам аз роҳҳои аввалияи пешгирии сироят ба короно дониста мешаванд.

Пӯшидани моск барои ҳама тавсия дода мешавад, аммо барои шахси бемор пӯшидани он ҳатмист! Моск то ҳадде атрофиёнро аз сироятёбӣ ҳифз мекунад.

Мунтазам шустани дасту рӯй ва сатҳи пӯсте, ки урён аст, вирусро дафъ мекунад.

Роҳҳои гузариши вирус кадомҳоянд?
Ин вирус эҳтимолияти хеле болои олудасозӣ дорад. Аз шахси бемор ба солим бо роҳи камтарин тамос ҳам метавонад гузарад. Дастфишорӣ, оғӯш кардан, бӯсу канор, истифодаи ашёе, ки шахси мариз расидааст, атса ва сурфа кардан аз роҳҳои асосии гузариши ин вирус унвон шудаанд.

Қарантина дар мубориза бо вируси короно чӣ нақш дорад?
Тавре медонем, вируси короно башиддат паҳн шуда, одамони зиёдеро дар замони кӯтоҳ мубтало мекунад. Мантиқи қарантина дар роҳи пешгирӣ аз бемории Ковид-19 дар он аст, ки бо нишастан дар хона, канораҷӯи аз маконҳои пуродам, риояти масофаи муайяни байни одамон метавон пеши роҳи паҳншавии онро гирифт. Инчунин, аз дастфишорӣ бояд худдорӣ кард ва бо риояти расми хуби тоҷикон, яъне гузоштани даст дар пеши бар дар ин шароити бӯҳронӣ салом кардан беҳтар аст.

Оё доруе ҳаст, ки барои пешгирӣ аз вируси короно истеъмол кунем?
Доруе, ки ин бемориро пешгирӣ мекунад, вуҷуд надорад, аммо Шумо метавонед барои баланд бардоштани системи эмании худ аз витоминҳо, меваву сабзавоти тару тоза, ғизои қавӣ ва варзиш истифода кунед.

Истифода аз маҳлулҳои зиддиуфунӣ (антисептик) то чи андоза кӯмак мекунад?
Тавре дар боло гуфтем, собун ва оби гарм вируси короноро дафъ мекунад, масалан собуни ҷомашӯӣ бо миқдори зиёди ишқор дар таркибаш комилан вирусро нобуд мекунад. Маҳлулҳои зиддиуфуниро мешавад танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ ва дастрас набудани обу собун истифода кард. Аз як сӯ истифодаи зиёди онҳо метавонад ҳассосияти пӯстро барангезад ва аз сӯи дигар харидани онҳо бо нархи гарон зарурат надорад.

Дастгоҳи танаффуси сунъӣ дар табобати бемории КОВИД-19 чи нақш дорад?
Дастгоҳи танаффуси сунъӣ дар табобати бемор вазифаи кӯмакрасонро иҷро мекунад, зеро танҳо афроде, ки аз норасоии шадиди нафас ранҷ мебаранд, ба он ниёз пайдо мекунанд. Шуши беморе, ки дучори норасоии шадид шуда қобилияти танаффусии худро аз даст медиҳад, бо кӯмаки дастгоҳи танаффуси сунъӣ бо оксижен таъмин мешавад. Ин вазъ ба ҷисми бемор имкон медиҳад, ки дар баробари вирус муқовимат кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ