СИРИЛ МЮЛЛЕР БО ОРДЕНИ «ДУСТЛИК» МУКОФОТОНИДА ШУД

СИРИЛ МЮЛЛЕР БО ОРДЕНИ «ДУСТЛИК» МУКОФОТОНИДА ШУД

  • Post category:Ҷаҳон


Президенти мамлакат ба фармон «Дар бораи бо ордени «Дустлик»-и Ҷумҳурияти Ӯзбекистон мукофотонидани Сирил Мюллер» имзо гузошт.
Ноиб-президенти Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер барои хидматҳои бузургаш дар рушд ва таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои бисёрҷанба ва самарабахши Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ –шарики стратегии мамлакати мо дар татбиқи ислоҳоти васеъмиқёси иқтисодӣ ва татбиқи барномаҳои навсозии соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ, барои саҳми шахсиаш дар ислоҳоти куллӣ дар соҳаи бонку молия, андозу буҷа, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, кӯмаки амалиаш дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ, инчунин фаъолияти фаъолаш дар баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дастгирии ташаббусҳое, ки ба таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд, бо ордени «Дӯстлик» -и Ҷумҳурии Ӯзбекистон мукофотонида шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ