Соли хониш дар мактабҳо бо тарзи онлайн хотима меёбад


Соли хониш дар Ӯзбекистон ба тарзи онлайн анҷом меёбад
Соли хониши 2019-2020 ба тарзи онлайн анҷом меёбад. Дар ин бора, дар қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриятӣ гуфта шудааст.
Мувофиқи он, соли хониши 2019/2020 дар ташкилот ва муассисаҳои сохтори таълими халқӣ ба воситаи видеодарсҳои дурдасти телевизионӣ, ки дар доираи лоиҳаи мактаби онлайн ташкил карда шудааст, хотима меёбад.
Ғайр аз ин, омӯзгорон ва кормандони сохтори таълими халқӣ (муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳо, шӯъбаҳои минтақавӣ), ки барои ташкили раванди таълими масофавӣ заруранд, фаъолияти худро ба тарзи масофавӣ (бо пардохти маош ) идома медиҳанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ