COVID-19: Эрон аз рӯи шумораи сироятёфтагон аз Хитой пеш гузашт

COVID-19: Эрон аз рӯи шумораи сироятёфтагон аз Хитой пеш гузашт

  • Post category:Ҷаҳон


Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 481 ҳазору 541 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 647 ҳазору 744 кас ва фавтидагон 170 ҳазору 439 тан мебошад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷои аввал қарор дорад, 792 ҳазору 913 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 42 ҳазору 517 нафар ва шумораи шифоёфтагон 72 ҳазору 389 касро ташкил медиҳад.
Дар Испания шумораи сироятёфтагон 200 ҳазору 210 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 1 536 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 20 ҳазору 852 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 80 ҳазору 587 кас шифо ёфтаанд.
Дар Италия шумораи мубталоён 181 ҳазору 228 нафар ва теъдоди фавтидагон 24 ҳазору 114 нафар мебошад. Дар Франсия 155 ҳазору 383 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 20 265 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.
Дар Германия теъдоди мубталоён 147 ҳазору 65 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 4 862 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 124 ҳазору 743 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 16 ҳазору 509 нафар мебошад.
Туркия ва Эрон низ аз рӯи шумораи гирифторон аз Чин пеш гузаштанд. Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 90 ҳазору 980 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 140 ва 13 430 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 83 ҳазору 505 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 209 нафар вафот кардаанд.
Дар Чин 82 ҳазору 758 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.
Баъд аз Чин Россия қарор дорад, ки дар он шумораи умумии мубталоён ба 47 ҳазору 121 нафар расид. Дар он теъдоди фавтидагон 405 нафар ва шифоёфтагон 3 446 касро ташкил медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ