Дар Россия шумораи гирифторони коронавирус ба беш аз 52 ҳазор нафар расид

Дар Россия шумораи гирифторони коронавирус ба беш аз 52 ҳазор нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 5 642 нафар зиёд шуда, 52 763 касро ташкил медиҳад. Теъдоди беморони шифоёфта дар ин давлат 3 873 нафар ва шумораи фавтидагон 456 кас мебошад. Россия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар ҷойи 10-ум қарор дорад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 6 264 ва 6 125 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 51 нафар фавтида ва 514 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 161 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 367 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.
Дар Молдова 2 548 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 457 нафар шифо ёфтаанд ва 70 каси дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ