Суди ИМА арзномаи Ғафур Раҳимовро рад кард.

Суди ИМА арзномаи Ғафур Раҳимовро рад кард.

  • Post category:Ҷаҳон


Суди Вашингтон арзномаи шаҳрванди Ӯзбекистон, собиқ президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс Ғафур Раҳимовро дар бораи баровардан аз рӯихати санксияҳое, ки ба он барои ҷинояткории муташаккилона дохил карда мешаванд, додааст, рад кард.
Дар ин бора дар ҳуҷҷатҳои расмии базаи маълумоти электронии сохтори суд маълумот дода шудааст.
Садорати назорати активҳои хориҷии Вазорати молияи ИМА( OFAC),ки ба қонуни будани истифодаи санксияҳо масъул аст,дар соли 2012 Раҳимовро ба фаъолияти сохтори байналмилалии ҷиноии » Давраи бародарӣ», ки шаҳрвандони собиқ Иттифоқ ташкил карда буданд, алоқадор гумон карда, нисбати вай санксия дохил кард.
Дар соли 2017 Вазорати молияи ИМА ифодаи санксияҳои бар зидди Раҳимов дохил кардаро тағир дода, вайро дар дастгирии сохтори авторитетҳои ҷиноӣ айбдор кард. Дар навбати худ Раҳимов қарори мазкурро ғайриқонунӣ гуфта, маълум кард, ки ба чи асос ёфтани айбҳои ба ӯ гузоштаро ба вай ба таври дахлдор нагуфтаанд.
Дар қарори суди федералӣ Ҷеймс Босберг гуфта шудааст, ки «Суд ба қарори асоснок будани ба рӯйхати санксияҳо дохил кардани арзкунанда ва дар тартиби ҳозира бесамар будани дар ин бора баҳс кардан омад»
» Дар базаи маълумотҳои махфии вазорати молия роҷеъ ба видеоалоқаи суд дар бораи вобаста будани ҷиноятҳои (эҳтимолӣ) Раҳимов ва «дуздҳои дар қонун буда» маълумот нигоҳ дошта мешаванд.Вай ба суд ягонто ҳам маълумотеро,ки ин қарорро рад мекунад, тақдим накардааст ва танҳо кифоя набудани маълумоти вазорати молияро гуфтааст,- навишта шудааст дар қарори судя.»
«Агар арзкунанда роҷеъ ба арзномааш дар бораи аз рӯихатҳои санксияҳо баровардани худ ҳисоб кунад,ки қарори садорати назорати активҳои хориҷӣ нодурустанд ё ки ба таври зарурӣ асоснок карда нашудаанд,вай аз рӯи қароре, ки бароварда мешавад,мумкин дар суд баҳс кунад,-«гуфтааст судя.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ