Тибқи маълумоти Вазорати ҳифзи тандурустӣ имрӯз дар мамлакат шумораи шифо ёфтагон 32 нафар зиёд гашта, ба 293 нафар расид.
Аз вилояти Андиҷон 8 нафар бемор: аз онҳо 4 нафар мард, 4 нафар зан батамом сиҳат шуда баромаданд. 5 нафар аз шаҳри Андиҷон, 3 нафараш аз ноҳияи Ҷалақудуқ мебошанд.
Аз вилояти Фарғона 5 нафар: 3 нафар мард, 2 нафараш зан. Аз онҳо 2 нафар аз шаҳри Тошканд, 1 нафарӣ аз вилояти Тошканд, Андиҷон, Қашқадарё мебошанд. Онҳо ҳама аз Туркия ба воситаи рейси ғайринавбатӣ оварда шудааст.
Инчунин, аз вилояти Бухоро 15 нафар: 11 то мард, 4 то зан. Онҳоро ба воситаи рейси навбатӣ 7 тоашонро аз Русия, 4 тоашонро аз Туркия оварда шудааст. Беморон 6 нафар аз шаҳри Тошканд, 3 нафар аз Бухоро, 2 нафар аз вилояти Сурхондарё, 1 нафарӣ аз вилоятҳои Самарқанд, Андиҷон, Сирдарё ва Ҷумҳурияти Қорақалпоқистон ба ҳисоб мераванд.
Аз вилояти Хоразм бошад 4 нафар: 3 нафар мард, 1 нафарашон зан. Онҳоро аз Русия оварда шудааст. 2 нафарашон аз вилояти Бухоро ва 1 нафарӣ аз вилоятҳои Самарқанду Андиҷон мебошанд.
Ҳоло шумораи шифо ёфтагон аз бемории коронавирус ба ҳолати санаи 21 уми апрел 293 нафарро ташкил медиҳад.
Манбаъ: Kunuz
