Кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон чору ним баробар кам гардид

Кӯмакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон чору ним баробар кам гардид
  • Post category:Ҷаҳон


Ожонси омори Ҷумҳурияти Тоҷикистон омореро нашр кардааст, ки тибқи он, ба ҷумҳурӣ дар 3 моҳи аввали соли равон аз чиҳилу ду кишвари ҷаҳон кумаки башардӯстона ба арзиши 4 миллион доллар ворид гардидааст.
Тибқи иттилои манбаъ ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чаҳору ним баробар камтар будааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 18,5 миллион доллар кумаки башардӯстона шуда буд.
Тибқи омори мазкур, кумакҳои башардӯстонае, ки дар 3 моҳи аввали соли равон ба Ҷумҳурияти Тоҷикистон ворид шудаанд, маҳсулоти ғизоӣ, дору ва таҷҳизот мебошанд.
Хотирнишон мекунем, ки чанде пеш мамлакати мо низ барои дастгирии мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон ҳазор тонна орд, васоити антисептикӣ ва дезинфексионӣ, хилъатҳои тиббӣ, айнакҳои тиббӣ, ниқоб, пойафзоли тиббӣ ва респираторҳо  фиристод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ