Туркия ҳам аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус аз Хитой пеш гузашт

Туркия ҳам аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус аз Хитой пеш гузашт

  • Post category:Ҷаҳон


Туркия низ аз рӯи шумораи гирифторон аз Чин пеш гузаштанд. Дар Туркия теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус ба 90 ҳазору 980 нафар расида, шумораи ҳолатҳои фавт ва шифоёбӣ мутаносибан 2 140 ва 13 430 нафар мебошад.
Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 83 ҳазору 505 нафарро ташкил дода, аз онҳо 5 ҳазору 209 нафар вафот кардаанд.

Дар Чин 82 ҳазору 758 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, аз миёни онҳо 4 632 нафар вафот намудаанд.

Баъд аз Чин Россия қарор дорад, ки дар он шумораи умумии мубталоён ба 47 ҳазору 121 нафар расид. Дар он теъдоди фавтидагон 405 нафар ва шифоёфтагон 3 446 касро ташкил медиҳад.

Шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда дар Бразилия 40 ҳазору 743 нафар, Белгия — 39 ҳазору 983, Канада — 36 ҳазору 829 ва Нидерланд — 33 ҳазору 405 мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ