Ашраф Ғанӣ аз ташхиси коронавирус гузашт. Натиҷа…


Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт ҳамроҳ бо ҳамсари худ аз ташхиси коронавирус гузаранд.
Натиҷаи ташхиси Ашраф Ғанӣ кишвардори Афғонистон ва ҳамсари ӯ аз коронаврус манфӣ баромад, навиштааст сухангӯи президент Сиддиқ Сиддиқӣ дар сафҳаи Твиттерии худ.
Ба гуфтаи сухангӯи Президент, Ашраф Ғанӣ ва бонуи аввали Афғонистон бо хоҳиши худ аз ташхиси короно гузаштанд.

«Президент сиҳат саломат аст ва кӯшишҳои ҳукуматро дар ҳама самтҳо равона мекунад. Тамоми чораҳои эҳтиётӣ андешида шудааст, то муҳити кори ӯ бехатар ва солим бошад», — навиштааст Сиддиқӣ.
Ёдовар мешавем, ки ҳудуди 40 корманди дастгоҳи Президенти Афғонистон  мубталои маризии сироятии коронавирус гардидаанд.
Дар ин робита ҷаласа ва машвартаҳои ҳукуматӣ бо ҳузури кишвардори Афғонистон тариқи видеоӣ сурат мегирад.
Алъон дар қаламрави ин ккишвар 1092 ҳолати сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар робита ба хуруҷи ин маризӣ дар Афғонистон низ режими хонашинӣ эълон  гардида буд ва он то 9 — уми май идома хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ