НОУМЕДӢ!

НОУМЕДӢ!

  • Post category:Фарҳанг

Мортин Кинг, дар китоби хотироташ менависад:
Рӯзе дар бадтарин ҳолати рӯҳӣ будам. Фишорҳо ва сахтиҳо ҷонамро ба танг оварда буд. Саргардон ва дармонда будам. Нигарон бо ҳолати ғариб ва рӯҳи бе ҷон. Ва нотавон ба зиндагиам идома медодам.
Ҳамсарам вақте манро бо ин ҳол дид, ба ман нигоҳе карду аз ман дур шуд. Чанд дақиқа баъд бо либоси сар то по сиёҳ ба назди ман омаду нишаст. Дуо хонду гиря кард.
Бо тааҷҷуб пурсидам: чаро либоси сиёҳ пушидаӣ? Чаро гиря мекунӣ?
Ҳамсарам гуфт: магар намедонӣ, ӯ мурда аст? Пурсидам: чӣ касе? Ҳамсарам гуфт Худо… Худо мурда аст!
Бо тааҷҷуб пурсидам магар Худо ҳам мемирад? Ин чи ҳарфе ҳаст, ки мезанӣ?
Ҳамсарам гуфт: рафтори имрӯзаат ба ман гуфт, ки Худо мурдааст ва ман чӣ қадар ғусса дорам ҳайфи орзуҳоям ….
Агар Худованд намурда бошад, пас ту чаро ин қадар ғамгин ва нороҳату ноумед аз зиндагӣ ҳастӣ?


Ӯ дар идома менависад:
Дар он лаҳза буд, ки ба худ омадам ва зонуҳоямро зери бағал гирифта гиристам. Рост мегуфт, гуё Худои даруни дилам мурда буд … аз ҷойи худ баланд шудам ва барои ноумедиам аз Худо талаби бахшиш кардам.


!!!Худо ҳаргиз намемирад!!!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ