Дар Ӯзбекистон содироти тилло бетағир монд


Дар таркиби содирот (экспорт)- и Ӯзбекистон ҳиссаи тилло 29 фоиз аст.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2020 Ӯзбекистон 1,005 млрд. долларина тилло содирот кард. Дар ин бора Кумитаи давлатии омор (статистика) хабар додааст.
Мувофиқи маълумоти кумита, дар моҳҳои январ-марти соли 2019 ин нишондиҳанда 29,8 фоизро ташкил кардааст.
Бояд таъкид кард ,ки солҳои охир Ӯзбекистон содироти тиллоро зиёд мекунад.
Содироти тилло дар солҳои 2015- 823,9 млн. доллар, 2016-738,2 млн.доллар, 2017- 1,6 млрд. доллар, 2018 -2,91 млрд. доллар ва 2019- беш аз4,9 млрд. долларро ташкил кардааст.
Қаблан хабар дода шуд,ки Ӯзбекистон дар ду моҳ як миллиард долларина тилло фӯрухтааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ