Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ӯши Қирғизистон зидди се нафар барои пинҳон доштани мубталошавӣ ба коронавирус парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Дар ин бора коменданти шаҳр Малик Нурдинов хабар дод.
Ӯ як сокини Ӯшро мисол овард, ки аз Русия баргашта аъзои хонаводаи худро ба коронавирус мубтало кардааст.
«Баъди баргашт аз Русия аз ташхиси тиббӣ нагузаштааст. Тавре маълум гашт, ӯ дониста бемории худро пинҳон дошта, хонаводаашро ба вирус мубтало кардааст. Ба ҷуз ин, 10 хеши вай низ ба карантин гирифта шудаанд»,-изҳор дошт Нурдинов.
Дар робита ба шаҳрвандоне, ки бемории худро пинҳон кардаанд, бо банди «Нақзи қоидаҳои санитарӣ — эпидемиологӣ» парванда боз шудааст.
Дар Қирғизистон то 21-уми апрел 590 кас ба коронавирус мубтало шудаанд.
