Дар Арманистон тамоми роҳҳо ба самти шаҳри Маралик баста шуд. Сабаб…

Дар Арманистон тамоми роҳҳо ба самти шаҳри Маралик баста шуд. Сабаб…

  • Post category:Ҷаҳон


Мақомот дар Арманистон як шаҳр ва деҳаи наздик ба онро дар вилояти Ширак баъди санҷиши мусбати 18 ходими тибаш ба коронавирус маҳкам карданд. Рӯзи 20-уми апрел тамоми роҳҳо ба самти шаҳри Маралик баста шуда посгоҳҳои полис вазъро назорат мекунанд. Як масъули полис гуфт, ки танҳо афроди дорои иҷозатномаи махсус ҳақ доранд ба шаҳр ворид шаванд. Тигран Авинян, муовини нахуствазири Арманистон ва раҳбари ситоди зиддикоронавирус рӯзи 18-уми апрел гуфт, ки баъди тасдиқ шудани вуҷуди вирус дар ҷисми 18 корманди беморхона тасмим ин шуд, ки шаҳри Маралик ва деҳаи Дзоракап, ки ҳамшафати ин шаҳр аст, ба карантин гирифта мешавад. Дар беморхона дар маҷмӯъ 61 нафар кор мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ