Стипендияи давлатии ба номи Камолиддини Беҳзод таъсис дода мешавад

Стипендияи давлатии ба номи Камолиддини Беҳзод таъсис дода мешавад


Президенти мамлакат стипендия ва ҷоизаи ба номи рассом Камолиддини Беҳзодро таъсис дод ва инчунин дастур дод, ки яке аз кӯчаҳои Тошканд ба номи ӯ гузошта шавад. Дар ин бора дар қарори сарвари давлат аз 21-умм апрели соли равон «Дар бораи чораву тадбирҳои минбаъд афзунсозии самарабахшии соҳаи санъати тасвирӣ ва амалӣ» омадааст.
Тибқи қарори мазкур, моҳи октябри соли ҷорӣ ҷашни 565-солагии Беҳзод баргузор мешавад. Барои омода кардани ин чорабинӣ кумитаи тадорукот таъсис дода шудааст. Аз оғози соли таҳсили 2020/2021 барои донишҷӯёни донишгоҳҳои дорои ихтисосҳои «санъати тасвирӣ, санъати амалӣ ва дизайн» стипендияи давлатии ба номи Беҳзод таъсис дода мешавад.
Инчунин бо мақсади дарёфт ва дастгирии рассомони ҷавони боистеъдод ҳар сол озмуни анъанавии эҷодии миниатюраҳо ва ҳунарҳои мардумии «Камолиддини Беҳзод издошлари» ташкил карда мешавад.
Дар назди Академияи ҳунарҳои Ӯзбекистон Маркази бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои таълими рассомӣ бояд ҳамчун марҳилаи тайёрӣ дар системаи таҳсилоти баъдидипломӣ ташкил карда шаванд. Фаъолияти марказ 1-уми январи соли 2022 оғоз меёбад.
То 15-уми сентябри соли 2020 дастур дода шуд, ки хиёбони Осорхонаи санъати миниатюраи шарқии ба номи Камолиддин Беҳзод навсозӣ шуда, соли 2022 муҷассамаи рассом дар ҳудуди он гузошта шавад.
Дар бораи саҳми Беҳзод дар санъати Шарқ филми мустанад ба навор гирифта мешавад, моҳи октябри соли 2020 конфронс ва намоишгоҳи асарҳои Камолиддини Беҳзод ва пайравони ӯ баргузор шуда, феҳристи «Миниатюраи замонавии Ӯзбекистон» («Ӯзбекистон замонавий миниатюраси») ба нашр расонида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ