Дар Ӯзбекистон карантин кай тамом мешавад?

Бино ба фикри мутахассисони зиёд, бо омадани тобистон эпидемияи коронавирус кам мешавад. Ба фикри баъзе олимон, бо инфексияи нав дар оянда тахминан 70 фоизи аҳолии дунё бемор мешавад. Дар натиҷа, зидди инфексия иммунитет ҳосил мешавад ва пандемия суст мешавад ва ё умуман тамом мешавад. Танҳо дидани чораҳои қатъӣ барои бартараф намудани беморӣ ёрӣ медиҳад. Барои ҳамин, ба режими худякканамоӣ риоя кардан лозим. Дар ин бора имрӯз дар штаби АОКА, дар брифинге, ки бо иштироки сардори Нозироти давлатии назорати санитариву эпидемиологии назди Девони Вазирон Нурмат Отабеков гузашт, маълумот дода шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ