Ҳасани Руҳонӣ бо Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Онҳо чӣ гуна масъалаҳоро муҳокима карданд

Ҳасани Руҳонӣ бо Владимир Путин гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Онҳо чӣ гуна масъалаҳоро муҳокима карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳасани Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Владимир Путин, роҳбари Русия густариши ҳамкориҳо ва табодули таҷрибаҳои ду кишвар дар мубориза бо коронавирус зарурӣ донист, иттилоъ додааст хабаргузории «Парстудей».
Вай гуфт, масъулони Эрон ва Русия бояд талош кунанд протоколҳои беҳдоштӣ, табодулоти тиҷории дуҷониба риоя шаванд.
Руҳонӣ ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон ва монеатарошӣ барои пардохти қарзи Фонди байналмиллии пул ба Эрон низ ишора кардааст.

“Имрӯз шароити сахте пеши рӯйи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ва дар ин шароит кишварҳои дӯст бояд ҳамкорӣ ва равобити самимонатаре бо ҳам дошта бошанд”, — таъкид дошт Рӯҳонӣ.

Дар навбати худ, Владимир Путин раисиҷумҳури Русия низ бо таъкид бар  ҳамкорӣ ва табодули таҷрибаҳои Русия ва Эрон барои убур аз шароити сахти кунунӣ, густариши равобит ва муносиботи ду кишвар ва талош барои шитоб гирифтани иҷрои тавофуқоти Теҳрон — Маскавро хостор шуд.

Путин бо ишора ба таҳримҳои Амрико зидди Эрон, ин иқдомотро поймолсозии ҳуқуқи инсонӣ донист ва гуфт, мутаассифона дар ғарб аз ҳуқуқи башар зиёд сухан мегӯянд, аммо дар амал рафторе мутафовит доранд.

Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин идомаи ройзаниҳои Эрон ва Русия дар бораи мавзӯоти минтақаӣ ва байналмиллалӣ аз ҷумла пайгирии раванди Остона ва гуфтугӯҳои сеҷониба бо Туркия дар ин росторо муҳим донист.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ