Ҷангҷӯёни Толибон ба минтақаи Хоҷаи Ғор ҳамла карда, 19 муборизи мардумиро куштанд


Ҷангҷӯёни Толибон дубора бо неруҳои давлатии Афғонистон даргир шуданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Садои Хуросон” дар истинод ба шабакаи аввали телевизиони миллии Афғонистон.
Бино бар иттилои манбаъ, даргирии неруҳои давлатӣ бо ҷангҷӯёни Толибон ба наздикии минтақаи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон расидааст.
Муҳаммадҷаводи Ҳиҷрӣ, сухангӯи волии Тахор, хабар додаст, ки шаби гузашта дар минтақаи Хоҷаи Ғор 19 муборизи мардумӣ кушта шуданд.
Ҳиҷрӣ таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир неруҳои давлат ба ин минтақа равона шуданд ва авзоъ таҳти контроли неруҳои амниятӣ аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ