Россия: шумораи шахсони гирифтор ба COVID-19 аз 60 ҳазор зиёд гардид

Россия: шумораи шахсони гирифтор ба COVID-19 аз 60 ҳазор зиёд гардид
  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия ба 62 ҳазору 773 нафар расид. Давоми рӯз дар ин давлат 4 774 ҳолати нав ошкор гардида, теъдоди беморони шифоёфта 4 891 нафар ва шумораи фавтидагон 555 кас мебошад. Аз рӯи шумораи сироятёфтагон Россия дар ҷаҳон дар ҷойи 10-ум қарор дорад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Дар Беларус ва Украина, ки дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баъд аз Россия шумораи зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба қайд гирифтаанд, мутаносибан 7 281 ва 7 170 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 58 нафар фавтида ва 769 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 187 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 504 нафар табобат шуда, ба манзили зист баргаштанд.
Дар Молдова 2 778 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 560 нафар шифо ёфтаанд ва 75 каси дигар вафот кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ