Дар кадом кишвар ва қаламравҳои аҳолинишин то ҳол сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст?

Дар кадом кишвар ва қаламравҳои аҳолинишин то ҳол сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст?

  • Post category:Ҷаҳон


Зиёда аз 20 кишвар ва қаламравҳои аҳолинишин то ҳол аз сирояти коронавирус озод боқӣ мемонанд. Ин феҳристро рӯзи чоршанбе, 22-юми апрел нашрияи бритониёии Daily Mail таҳия кардааст.
Тавре lenta.ru хабар медиҳад, тибқи маълумоти ахир, дар 15 кишвар ва 11 қаламрави аҳолинишин ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ба ин рӯйхат кишварҳои Ҷазираҳои Комор, Кирибати, Лесото, Ҷазираҳои Маршалл, Штатҳои Федеративии Микронезия, Науру, Палау, Ҷазираҳои Соломон, Тоҷикистон, Тонга, Туркманистон, Тувалу, Вануату ва Кореяи Шимолӣ шомиланд.
Ба қаламравҳои аҳолинишин, ки алҳол дар онҳо коронавирус нест, Ҷазираҳои Питкэрн, Еленаи Муқаддас, Вознесения ва Тристан-да-Куня (Бритониёи Кабир), Самоаи Амрикоӣ (ИМА), Ҷазираҳои Уоллис ва Футуна (Фаронса), Шпитсберген (Норвегия), Ҷазираҳои Рождество ва Норфолк, Ҷазираҳои Кокосово (Австралия), Ниуэ, Токелау, Ҷазираҳои Кука (Зеландияи Нав) мансубанд.
Барои баъзе аз онҳо ҷойгиршавии дурдаст, масалан, Ҷазираҳои Комор дар соҳилҳои шарқии Африқо ё Тувалу дар уқёнуси Ором нақши ҳалкунанда доштааст.
Дар дигар кишвару қаламравҳо барои паҳншавии имконпазири коронавирус тадбирҳои зуду саривақтӣ ва қатъӣ андешида шуд. Нашрия менависад, масалан Тонга барои сайёҳон сарҳадҳояшро баста, вазъи фавқулода ва соати комендантӣ эълон кард.
Дар ҳамин ҳол, нашрия аз эҳтимол дур намедонад, ки баъзе кишварҳо метавонанд дар бораи сироят хабар надиҳанд, хусусан, кишварҳое, ки дар ҳамсоягии давлатҳои хуруҷи коронавирусро гузаронида ҷойгир мебошанд.
Ба ин тариқ, масалан Кореяи Шимолӣ исрор меварзад, ки сокинони он бемори COVID-19 нашудаанд, ҳарчанд дар Кореяи Ҷанубӣ беш аз 10 ҳазор ҳолати сироятёбӣ тасдиқ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ