Атрофи каналҳои шаҳри Самарқанд обод мегардад


Аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба вайрон кардани иншооти ғайриқонунии атрофи каналҳое, ки аз шаҳри Самарқанд мегузаранд – ҷонишини ҳокими шаҳр, сардори шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оила Б. Насриев, сардори шӯъбаи адлияи шаҳр Н.Камилов, роҳбари корхонаи унитарии давлатии «Ҳудуди тоза» З.Юсупов ва дигарон ба корҳои аз ҷониби шаҳрвандон ба тарзи ихтиёрӣ вайронсозии иншооти ғайриқонунии атрофи канали Оби Машҳад сару бар шуда истодаанд.
Аз ҷумла, соҳиби хонаи 48-уми кӯчаи Зехнии ҶШМ-и Ибни Сино Мӯҳсин Улуғов дар кофтани канал ва кабудизоркунӣ фаъолона ширкат меварзад. Чунин ташаббус инчунин, аз ҷониби соҳибони хонаҳои 1 ва 1 «а» дар кӯчаи Мински маҳаллаи номбурда низ ҳамроҳ шуданд. Корҳои ободсозии гирду атрофи канал идома доранд.
Хизматти матбуоти шӯъбаи дастгирии маҳалла ва оилаи шаҳри Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ