Тозагӣ дунёро наҷот медиҳад!

Тозагӣ дунёро наҷот медиҳад!

Оре, бо табиат чӣ хел муносибат кунӣ, табиат бо ту ҳамин тавр муносибат мекунад. Дар шароите, ки имрӯз дунёро хавфи бемории сироятии коронавирус фаро гирифтааст, моро маҷбур месозад, ки ба қоидаҳои гигиенӣ риоя намоем.
Дар ин рӯзҳои баҳорӣ, ки табиат ба машоми инсон нафаси тозаро мебахшад, гирду атрофро аз нопокиҳо тоза созем. Ҷӯйу дарёҳое, ки зери партов мондаанд тоза кунем. Табиатро аз дуд­ҳои ғализ ва заҳролуд нигоҳ дорем. Инчунин, аз сӯзондани партовҳо, ифлос намудани обҳои нӯшокӣ, партофтани маҳсулотҳои хӯрокворӣ дар партохонаҳо(нон, пӯсти пиёз, сабзӣ, картошка ва ғ), истеъмоли маҳсулотҳои манъкардашуда даст кашем. Чунки ин одатҳо ба табиат ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад ва дар натиҷа бемориҳои сироятии табобаташ душвор пайдо мешавад.
Гуфтан мумкин аст, ки аксар одамон имрӯз бефарқ шудаанд. Масалан, пас аз истифодаи ниқоби тиббӣ ва дастпӯшакҳои резинӣ, онҳоро ба замин, ҷӯй ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мепартоянд. Лекин оқибати аз нав зинда ва пайдошавии вирусро дарк намекунанд. Тасаввур кунед, ки дар як худи ниқоби тиббӣ чӣ қадар вирусҳо ҷамъ мешаванд. Вақте ки ниқоби истифодашударо ба замин мепартоянд зарраҳои вирус бухор шуда каси дигарро заҳролуд карданаш мумкин. Вайро бояд аз рӯи қоида ба қуттии рӯпӯшкардашудаи партовҳо партофтан лозим.
На балки вируси корона балки дигар бемориҳои сироятӣ аз нотозагӣ, аз беэътиборӣ сар мезанад. Албатта, риояи тозагӣ, нигоҳ доштани масофаи байниҳамдигарӣ, ба инсон ҳеҷ зиён надорад. Аз ин рӯ, дар рӯзҳои карантинӣ ба қоидаҳои муҳими гигиенӣ амал карда, барои тоза нигоҳ доштани табиат якҷоя мубориза барем. Чунки тозагӣ дунёро наҷот медиҳад!.

Н.БОБОАҲМАД.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ