Дар назди пайвандони наздиктаринам айбдори беайб шуда мондам<br>сӯҳбат бо аввалин бемори ӯзбекистонӣ, ки коронавирус сироят кардааст

Дар назди пайвандони наздиктаринам айбдори беайб шуда мондам
сӯҳбат бо аввалин бемори ӯзбекистонӣ, ки коронавирус сироят кардааст

Рӯзи15-уми марти соли равон дар Ӯзбекистон коронавирус бори аввал дар шаҳрванд Нигора Муродова муайян карда шуд.Ин воқеа дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби муҳокимаи бисёр гардид ва дар бора ӯ маълумоти гуногуни баҳснок паҳн шуд. Мухбири сайти kun.uz. роҷеъ ба вазъияти рӯйдода бо Нигора Муродова сӯҳбат кард.
– Нигора ойтӣ, биёед ҳамаашро аз нав ба хотир биёрем. Ба Франсия барои чӣ, бо киҳо рафтед ва дар он ҷо чанд рӯз будед?
– Ба Франсия бо ду мақсад рафта будам. Аввало барои дастгирии ҷиянам ва мураббӣ, ки бояд дар мусобиқа иштирок мекарданд. Дуюм, ман дар Франсия танҳо як рӯз будам, сипас ба давлати дигар парвоз кардам. Шариконам рӯзи 5-уми март ба воситаи Туркия баргаштанд. Ҷиянамро низ ба карантин гирифта, санҷиданд. Шукри Аллоҳ, ки дар вай ҳеҷ беморие муайян нашуд. Рӯзи 10-уми март аз дигар мамлакат дубора ба Париж омадам ва аз пагоҳӣ то соати 17:00 дар ҳудуди транзити аэропорт будам.
Ба Ӯзбекистон тахминан 40-50 нафар мусофир баргаштем. Соати 5:30-и рӯзи 11-уми март дар аэропорти байналхалқии Тошканд шудем. Мутахассисон ба самолёт баромада, бо тепловизор ҳарорати ҳамаро санҷиданд.
Дар аэропорт маро ҳамсарам пешвоз гирфт ва ба хона омадем. Аз дигар давлат ба Франсия 9 соат парвоз карда, дар аэропорт то бегоҳӣ мунтазир шудам ва сипас то Тошканд 7 соат парвоз кардам. Табиист, ки хеле монда шуда будам ва рӯзи 11-уми март рӯзи дароз дар хонаам хоб рафтам.
Рӯзи панҷшанбе, 12-уми март вақти пешин 5 нафар ба меҳмонӣ омаданд. Худамон, келинҳо ва духтаронам дар хона будем. Ҳамагӣ 10 нафар шудем. Хабари «35-кас­ро меҳмон кардааст» – нодуруст аст. Ман дар бинои бисёрқабата зиндагӣ мекунам ва ин қадар одам дар хонаамон намеғунҷад.

– Шумо шифокор ҳастед, аломатҳои аввалини бемориро чӣ хел ҳис кардед ва тахмини коронавирус чӣ хел пайдо шуд? Дар бораи ташхис чӣ хел фаҳмидед?
– Аслан дар оғози моҳи феврал барои ба Хитой рафтан чипта гирифта будам. Барои клиникаамон таҷҳизот бояд меовардам. Маҳз барои он ки аз коронавирус тарсидам, сафарамро мавқуф гузоштам. Вале гирифтори ин беморӣ шудан дар қисматам будааст. Чуноне ки гуфтам, то ба хона омадан ва сипас низ ҳеҷ хел аломати беморӣ набуд. Рӯзи 13-уми март худро андак камқувват ҳис кардам. Ҳароратам, сулфа ва дарди гулӯ набуд, танҳо сарам андак дард мекард. Ба духтури шиноси вирусолог занг зада гуфтам, ки худро аз муоинаи тиббӣ гузаронданиам. Вай гуфт, ки 14-уми март ба Институти илмӣ-­тадқиқотии вирусология биёям. Маълум шуд, ки дар ҷойи дигар ба ин беморӣ тест намегузарондаанд.
Рӯзи 13-уми март ба кор рафтам. Қариб 1,5 соат дар кабинетам бо компутер кор кардам. Вале ба хонаи ҳеҷ шифокоре нарафтам ва бемор ҳам қабул накардам. Агарчи дипломи шифокорӣ дорам, дар айни ҳол шифокори таҷрибаомӯз нестам. Асосан бо инкишоф додани клиника машғул ҳастам. Аз кор ба хона баргашта, боз хоб рафтам.
Рӯзи 14-уми март – шанбе бо ҳамсарам ба институт рафта, бо шифокори шинос дар соати 10:00 таҳлил супурдам. Ба ман рақами духтури навбатдорро доданд ва бегоҳирӯзӣ натиҷаи таҳлилро гиред гуфтанд. Ман то соати 18:00 дар хона будам ва ҳеҷ касро ба наздам наздик накарда, хоб рафтам. Сипас бо телефон гуфтанд, ки натиҷаи таҳлил манфӣ аст (яъне вирус нест).
Баъди ҳамин хурсанд шуда, набера ва духтарамро ба оғӯш гирифта бӯсидам. Ҳолати худро аз кӯфти роҳ донистам. Вале дар соатҳои 20:30 ба ман аз садорати тандурустии шаҳри Тошканд паси ҳам занг заданд ва гуфтанд, ки худи ҳозир мошини ёрии таъҷилии тиббӣ маро ба институт мебиёрад. Хайрият ҳамон рӯз ман бо мошини ёрии таъҷилии тиббӣ нарафта, бо мошини писари хурдиам, аз паси мошини ёрии таъҷилии тиббӣ ба институти вирусология рафтем. Духтури эпидемиолог маро қариб 1,5 соат саволборон кард. Бо ки вохӯрдам, дар бораи оилаам маълумот гирифт. Аз ману писарам таҳлил гирифта, ба як изолятор дароварданд. Ҳамон вақт ҳам дар ман аломатҳои ин беморӣ набуд.
– Рӯзҳои аввал дар шифохона бемори якум будед. Азбаски шифокорон бемори аввалинро табобат мекарданд, дар онҳо саросемагӣ ё ки парешонҳолӣ роҷеъ ба тактикаи табобат мушоҳида нашуд?
– Ҳамон рӯз

то соати 6:00-и пагоҳӣ ману писарам хоб нарафтем. Шифокорон дар соати 8:00 омада, моро ба изоляторҳои алоҳида гузаронданд ва гуфтанд, ки таҳлилҳои мо мусбат баромадааст.
Худи ҳамон рӯз 111 нафар ходимони клиника, аъзои оила ва меҳмононе, ки омада буданд, модарам, хоҳаронам, ҷиянҳоям, хулоса ҳар касе, ки бо ман вохӯрда буд, ба каратин гирифта шуд.
Ҳамон рӯз зану шавҳареро, ки аз Лондон омада буданд, ба институт оварданд. Дар онҳо низ беморӣ муайян шуда буд. Онҳоро дар бокси шафати мо ҷойгир карданд. Мо танҳо ба воситаи телефон мулоқот мекардем. Карантин ранги хеле ҷиддӣ гирифт, ҳар як шахсеро, ки аз беруни кишвар меомад, месанҷиданд. Дар шифохона одам бисёр шуд. Вале шифокорон саросема нашуда, бо тартиб табобат мекарданд.
Дар доруву дармон ва шароити шифохона норасоӣ набуд. Ҳис мекардем, ки тамоми ҷараён шахсан дар назорати Президент аст. Ҳамаи онҳое, ки ба шифоёбии мо сабабгор шуданд ва ҳоло низ бар зидди беморӣ мубориза мебаранд, ҳамеша саломат бошанд.
– Чун аввалин бемори гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шудед. Таъсири психологии ин ҳолатро ҳис мекунед?
– Ҳамин дар қисматам будааст. Санҷиши аз ин ҳам вазнинтар – дашномҳои шабакаҳои иҷтимоӣ диламро сахт ранҷонданд. То ҳол одамон дар бораи беш аз 1300 нафар шахсони ба беморӣ гирифторшуда ва 129 нафар бемори шифоёфта ҳеҷ чизро намедонанд ва ба онҳо фишори психологӣ нашудааст. Дар тиббиёт маълум аст, ки стресси пурқувват иммунитетро паст мекунад. Маро на танҳо бемории коронавирус, балки дашномҳои чунин одамон хеле азият дода, маҷбур кард, ки соатҳо гиря кунам. Охир ман бемориро қасдан наовардаам будам! Наход дар навбати аввал ба оилаам ва ҷигарҳоям сироят кунонам?! Ҳоло дар дунё шумораи чунин беморон аз 2 млн. нафар зиёд шуд. Ин пандемия аст, ҷустуҷӯйи айбдор кори бемантиқ мебошад.
– Яке аз бемороне, ки вафот кард, бо шумо дар мулоқот будааст. Ба ин чӣ хел эзоҳ медиҳед?
– Ҳамон духтури ЛОР‑и 39-соларо Парвардигор раҳмат карда бошад. Аз олам гузаштани ӯро шунида, ҳам модарам ва ҳам ман аз шифохона дуояш кардем. Ман шунидам, ки шифокорро бо аҳволи вазнин ба реаниматсия овардаанд, вале намедонистам, ки вай кист. Рӯзи дигар фаҳмидам, ки вафот кардааст ва хабари «бо бемори аввалин дар мулоқот будааст»-ро шунида бори дуюм ба ҳолати ногувор афтодам. Сипас, ман ному фамилияи ин инсонро муайян кардам ва амин шудам, ки марҳумро умуман намешиносам ва ҳеҷ гоҳ надидаам. Аз пайдо шудани чунин маълумот дар ҳайрат мондам.
Аз 111 нафар шахсе, ки бо клиникаи мо вобастаанд, 42 нафар бемор ва 69 нафар ходим (шифокор, ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони хоҷагӣ) 19 рӯз дар карантин шуда, сиҳату саломат ба хонаҳояшон баргаштанд, дар онҳо вирус муайян карда нашуд.
Аз бинои бисёрқабатае, ки ман зиндагӣ мекунам, 72 хонадон 15 рӯз дар карантин шуданд ва ҳамаи сокинони ин бинои бисёрқабата сиҳату саломатанд.
Ба фикрам, рӯзи дуюм рафта тест супурдани ман кори хеле дуруст шуд. Чунки ҳамчун раҳбари клиника, ба ягон палата даромада табобат гирифтанам мумкин буд. Аъзои оила, дӯстон ва наздиконам маро дастгирӣ карданд. Ҳеҷ кас маро айбдор нагуфт, вале одамоне, ки ман онҳоро дар умрам надидаам, ҳамон айбчҷӯӣ мекунанд. То ҳол пайвандонам кӯшиш мекунанд, маро аз бӯҳтонҳои гуногун ҳимоя кунанд.
– Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи шумо баёнотҳои гуногун паҳн шудаанд. Дар яке аз онҳо зане мегӯяд, ки натиҷаи тести ба шумо дахлдор дар асл манфӣ будааст. муносибати шумо ба ин чӣ хел аст? Ин суханҳоро аз таъсири ҳиссиёт гуфтаанд ё ки дар ҳақиқат ҳамин хел аст?
– Дар ҳақиқат, ҳамон рӯзе, ки бори аввал таҳлил супурдам ва дар ман муайян шудани вирусро гуфтанд ман то чор рӯз ба гирифтори вирус шуданам бовар накарда зиддият нишон додам. Беморӣ сироят накардааст, ҳамаи аъзои оилаам якбора гирифтори беморӣ шуданашон мумкин нест мегуфтам, шояд нахостаам, ки бемори аввалин шавам, боз намедонам. Ман ҳангоми хуб набудани ҳолати руҳиам баромадҳо кардаам. Ба ин савол посух додан хеле душвор аст, дар ҳақиқат ҳам суханони зери таъсири ҳиссиёт гуфта мебошад.
Имрӯз аз коронавирус шифо ёфта бошам, ҳамон аҳволам хуб нест. Дар дилам тағйироти манфӣ муайян шуд. Аз ҳама муҳимаш – он чӣ аз сар гузарондам барои ман ва оилаам зарбаи ниҳоят вазн

ин шуд.
Ба сари ҳеҷ кас чунин рӯзҳо наафтанд. Зарур аст, ки ба нишондодҳо роҷеъ ба ҳимоя аз беморӣ ба таври қатъӣ амал кунем, баробарои пайдо шудани аломатҳои беморӣ ба қабули шифокори вирусолог равем. Ҳама худашро эҳтиёт карда гардад ва ҳеҷ кас гирифтори ин беморӣ нашавад.

Аз ӯзбекӣ тарҷимаи
Тошқул АЗИМОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ