Дар низоми бақайдгирӣ чиҳо тағйир меёбад?

Дар низоми бақайдгирӣ чиҳо тағйир меёбад?

Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекис­тон ва қарори Девони Вазирон дар бораи ислоҳоти низоми бақайдгирӣ барои муҳокима пешниҳод карда шуданд.
Моҳи январи соли ҷорӣ пажӯҳише, ки аз ҷониби мутахассиси Бонки ҷаҳонӣ Уилям Зейтс дар бораи вазъи муҳоҷирати дохилӣ дар Ӯзбекистон ва таъмини аҳолии кишвар бо манзили арзон гузаронда шудааст, нашр шуд.
Дар таҳқиқот изҳор шуда буд, ки маҳдудиятҳои ҳуқуқии қайди дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд муқарраргардида бо сатҳи пасти муҳоҷирати дохилӣ алоқаманд аст, ки дар навбати худ ба рушди кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
Сарфи назар аз чораҳои оид ба табдил додани нуқтаҳои аҳолинишини калон ба шаҳрҳо андешидашуда, сатҳи имрӯзаи шаҳрнишинӣ ба талаботи имрӯзаи рушди ҳамаҷонибаи шаҳрҳо ҷавобгӯ нест ва аз тамоюлҳои ҷаҳонӣ қафо мемонад.
Ин яке аз сабабҳои ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфтани масъалаи қайд мебошад.
Низоми қайдро мо аз кӣ «мерос гирифтем»?
Дар замони Русияи подшоҳӣ тартиби додани шиносномаҳо бо қайди истиқомат ба мақсади ба деҳқонон манъ намудани тарки қитъаҳои замини худ бидуни иҷозати ҳукумат, инчунин муайян кардани дар куҷо ва аз ҷониби кӣ содир шудани қонуншиканӣ, агар он содир шуда бошад, ҷорӣ шуда буд. Сипас, дар замони шӯравӣ, ин тартиб дар раванди иҷтимоӣ аз сабаби ҳамчун падидаи антидемократӣ эътироф шудани он бекор карда шуд, аммо то солҳои 1933-1935 ин гуна низом ба мақсади пешгирии қонуншиканиҳои гуногун дубора барқарор карда шуд. Дар натиҷа, одамоне, ки шиносномаи давлати Шӯравӣ ва иҷозатномаи зистро доштанд, ба гирифтани як қатор имтиёзҳо шурӯъ карданд ва муқаррар карда шуд, ки шаҳрвандоне, ки дар марказ ё минтақаҳои сераҳолӣ зиндагӣ мекунанд, нисбат ба сокинони минтақаҳои деҳот ва дурдаст ҳуқуқҳои бештар доранд. Низоми додани шиноснома ва қайд, пеш аз ҳама, ба сокинони Маскав ва Санкт-­Петербург татбиқ карда шуда, онҳо ба зодагони давраи Русияи подшоҳӣ ва қулоқҳо ва оилаҳои онҳо татбиқ намешуд, то қадри имкон саъй менамуданд онҳоро ба ҷойҳои дурдаст ҷойгир кунанд. Шахсе, ки шиноснома ё ки қайд надорад, аз бисёр ҳуқуқҳои давлат маҳрум карда мешуд.
Минбаъд барои чунин қонуншиканӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шуд ва барои аз як минтақа ба минтақаи дигар гузаштан иҷозати махсуси шӯрои деҳа, ҳуҷҷат аз ҷои кор ё ки ҳуҷҷат дар бораи доштани қитъаи замини худӣ дар он ҷое, ки кӯчида мегузарад, талаб карда мешуд. Хуллас, дар он вақт дӯлобкориҳои зиёди бюрократӣ вуҷуд доштанд.
Чӣ тавре ки мебинем, бақайдгирӣ як одати навбатии дар қонунҳо сабтшуда мебошад, ки аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ «мерос» мондааст, ба ибораи дигар, пасмондаи гузашта мебошад.
Дар кишварҳои дигар масъалаи қайд дар чӣ вазъ аст?
Бешубҳа, низоми бақайдгирӣ дар бисёр кишварҳо амал мекунад, аммо ин он бақайдгириест, ки он дар тафаккури мо қарор ёфтааст. Ин қайдест, ки пойгоҳи маълумотҳои шахсони дорои шаҳрвандӣ ё бешаҳрвандиро пешбинӣ менамояд. Қариб дар ҳамаи кишварҳои шӯравии собиқ низоми «прописка» ҳамчун падидаи зиддиконститутсионӣ эътироф карда шуд, ки дар натиҷаи он мафҳуми «бақайдгирӣ» хориҷ карда шуд ва онҳо ба системаи қайдгирии электронӣ гузаштанд.

Дар Русия бақайдгирӣ 1-уми октябри соли 1993 аз лаҳзаи эътибор пайдо кардани Қонун «Дар бораи ҳуқуқи шаҳрвандони Федератсияи Русия ба озодии ҳаракат, интихоби будубош ва ҷои истиқомат дар Федератсияи Россия» бекор карда шуд.
Дар Маскав истилоҳи «қайд» аз 1 январи соли 1996 пас аз беэътибор дониста шудани қарори маъмурияти вилояти Маскав «Дар бораи тартиби ягонаи қайд ва аз қайд баровардани аҳолӣ дар Маскав ва вилояти Маскав» аз 4-уми феврали соли 1992 аз муомилот гирифта шуд.
Дар Беларус бақайдгирӣ 1-уми январи соли 2008 бекор карда шуд.
Дар Қазоқистон инсититути бақайдгирӣ ба институти барӯйхатгирӣ иваз карда шуд ва ба шаҳрвандон иҷозат дода шуд, ки дар биноҳои истиқоматӣ ва биноҳое, ки барои истиқомат мутобиқ шудаанд, ба рӯйхат гирифта шаванд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурияти Қазоқистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурияти Қазоқистон аз 12-уми июли соли 2000 № 1063» аз 17-уми августи соли 2007 шаҳрвандони Қазоқистон метавонанд тавассути корфармоён ё ки мақомоти адлия ба

рӯйхат гирифта шаванд.
Соли 2003 дар Латвия Қонун «Дар бораи эъломияи ҷойи истиқомат» қабул шуд, ки мувофиқи он институти бақайдгирӣ бекор карда шуд.
Дар Украина бақайдгирӣ мувофиқи қарори Суди конститутсионӣ аз 14 ноябри соли 2001 ҳамчун падидаи зиддиконститутсионӣ эътироф карда шуд. Дар дараҷаи қонунгузорӣ бақайдгирӣ дар ин кишвар пас аз қабули Қонун «Дар бораи озодии ҳаракат ва интихоби озоди ҷойи истиқомат дар Украина» аз 11-уми декабри соли 2003 бекор карда шуд.
Дар кишварҳои пешрафта низоми бақайдгирӣ танҳо ба ғайрирезидентҳо татбиқ карда мешавад, резидентҳо танҳо ба хотири мушкилӣ пайдо нашудан ҳангоми муайян кардани суроғаи ҷои истиқомати онҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Масалан, дар Нидерландия ва Олмон бақайдгирӣ масъалаи ҷиддӣ ба ҳисоб рафта, аммо ҳамзамон, агар шаҳрванд дар як минтақа зиндагӣ кунад ва дар ҷои дигар кори муносибе пайдо кунад, он гоҳ вай ба таври электронӣ ё мустақиман бо мақомоти ваколатдори дахлдори дар қаламрави ҷои кораш воқеъбуда муроҷиат мекунад ва қолаби дилхоҳро пур карда, дар давоми се рӯз метавонад дар ҷои кори худ ба рӯйхат гирифта шавад. Дар ин ҳолат аз рӯйхат баровардан, азнавбарӯйхатгирӣ, ирсол намудани ҳуҷҷатҳо ба ташкилотҳои андоз, суғурта ва ташкилотҳои дигар аз ҷониби шахси барӯйхатгиранда анҷом дода мешавад.
Дар Ҷопон тавсия дода мешавад, ки барӯйхатгирӣ дар тӯли 14 рӯз аз лаҳзаи кӯчидан ба ҷои нав расмӣ гардонда шавад, аммо агар мӯҳлати истиқомат дар суроғаи нав аз як сол кам бошад ё ҷои нави зист муваққатӣ бошад ва шаҳрванд тез–тез вақт ба ҷои истиқомати худ (ҳадди аққал як бор дар як мавсим) ояд, пас дар ҷои нави истиқоматии худ ба рӯйхат гирифта шудани вай лозим нест. Ин меъёр донишҷӯёнеро, ки дар назди донишгоҳ манзилро ба иҷора гирифтаанд, аъзои парлумон, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, вале зуд-­зуд ба зодгоҳашон ташриф меоранд, аз барӯйхатгирӣ озод менамояд, инчунин барои шаҳрвандон як қатор шароити мусоид фароҳам меорад.
Инак, пас аз қабули ҳуҷҷат оид ба ислоҳоти низоми бақайдгирӣ чӣ тағйир меёбад?
Якум, ба ҷои мафҳуми «бақайдгирӣ», мафҳуми «барӯйхатгирӣ» ворид карда мешавад;
Дуюм, талабот нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар бораи пардохти меъёри махсуси боҷи давлатӣ ҳангоми харидани манзил дар пойтахт бекор карда мешавад;
Сеюм, шаҳрвандон ҳуқуқи бақайдгирии доимии хешовандони якум ва дуюмро на танҳо дар маҳалли зисти доимӣ, ки онҳо доимӣ ба рӯйхат гирифта шудаанд, балки дар ҷойҳои дигари истиқоматии онҳо низ мегиранд;
Чорум, шарти ҳатмии истиқомати якҷояи солонаи зану шӯй бекор карда мешавад, инчунин шарти аз даст додани қайди доимӣ дар сурати бекор карда шудани ақди никоҳ дар давоми як соли пас аз гирифтани он;
Панҷум, шаҳрвандоне, ки қаблан дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд ба қайди доимӣ гирифта шуда буданд, пас аз баргаштан метавонанд дубора дар ин минтақаҳо бидуни шартҳои иловагӣ ба рӯйхат гирифта шаванд;
Шашум, шахсоне, ки ба оила барои тарбия (сарпарастӣ) қабул шудаанд, метавонанд дар маҳалли истиқомати доимии падару модари фарзандхонд ба қайд гирифта шаванд;
Ҳафтум, мӯҳлати барӯйхатгирӣ дар маҳалли истиқомати муваққатӣ бо розигии соҳиби манзил метавонад аз 1 сол то 5 сол дароз карда шавад;
Ҳаштум, мӯҳлати истиқомати шаҳрвандон дар шаҳри Тошканд ва вилояти Тошканд бидуни қайди доимӣ ва муваққатӣ ба 15 рӯз дароз карда мешавад;
Нӯҳум, барӯйхатгирӣ дар маҳалли истиқомати доимӣ ва будубоши муваққатӣ бо дархости шаҳрванд тавассути мақомоти корҳои дохилӣ, марказҳои хидматҳои давлатӣ ё Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатӣ амалӣ карда шуда, мӯҳлати хидматрасонӣ аз 3 рӯз то 1 рӯз кам карда мешавад;
Даҳум, ҳангоми расмигардонии барӯйхатгирии доимӣ даст кашидан аз таҷрибаи гузоштани штамп ба паспорт, дафтари хонагӣ ё корти манзил ба назар гирифта шуда, ин равандҳо рақамӣ гардонда мешаванд;
Ёздаҳум, тартибе бекор карда мешавад, ки дар он шахс бояд мустақилона аз ҷои пештараи истиқоматӣ барои расмигардонии барӯйхатгирии доимӣ бароварда шавад, инчунин тартиби муроҷиат ба шӯъбаҳои оид ба корҳои мудофиа барои ҳисоби ҳарбӣ то бақайдгирии доимӣ ва пас аз он.
Бояд қайд кард, ки имрӯз ба сифати вазифаи асосии давлат фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳо

лӣ муайян шудааст. Тамоми ислоҳот ва захираҳо маҳз ба ин равона карда шудаанд. Таҳияи ҳуҷҷатҳои дар боло овардашуда далели равшани суханони мост.
Умедворем, ки ҷомеаи васеъ дар муҳокимаи лоиҳаи ин санадҳои қонунгузорӣ фаъолона ширкат меварзанд ва фикру пешниҳоди худро нисбати онҳо изҳор хоҳанд кард, аз ин рӯ иштироки фаъоли мардуми мо дар татбиқи ислоҳот кафолати он аст, ки онҳо натиҷаҳои мусбат медиҳанд.

Анвар РАҲМАТОВ, директори Маркази такмили ихтисоси ҳуқуқшиносони назди Вазорати адлияи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ