ЮНИСЕФ:700 ҳазор кӯдаки афғон аз норасоии хӯрокворӣ азият мекашанд

ЮНИСЕФ:700 ҳазор кӯдаки афғон аз норасоии хӯрокворӣ азият мекашанд


Ба гузориши Сандуқи кӯдакони Милали Муттаҳид, бо истинод ба гузориши Барномаи ғизоии ҷаҳон эълом кард, Афғонистон бо доштани беш аз ёздаҳ миллион кӯдак, аз назари норасоии ғизо дар ҷойи севуми кишварҳои ҷаҳон қарор дорад ва садҳо ҳазор кӯдак дар ин кишвар мубтало ба сӯитағзияи шадид ҳастанд, ки ба кумаки фаврӣ ниёз доранд.
Хабаргузории “Парстудей” таъкид доштааст, ки тибқи гузориши мазкур теъдоди кӯдакони мубтало ба сӯитағзия дар Афғонистон дар соли 2019 бо биступанҷ фоиз афзоиш ёфта, нисбат ба як соли қабл аз он, ба дувуним миллион нафар расидааст.
Дар гузориши барномаи ғизоии ҷаҳон, Яман дар ҷойи аввал, ҷумҳурии демократии Конго дар ҷойгоҳи дувум ва Афғонистон дар ҷойгоҳи севум қарор гирифтааст.
Ҳамчунин Венесуэла, Эфиопия, Судони Ҷанубӣ, Сурия, Нигерия ва Гаити ба тартиб дар ҷойгоҳи чаҳорум то даҳум қарор гирифтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ