Дар Ургут корхонаи нав ба кор дароварда шуда, 80 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд

Дар Ургут корхонаи нав ба кор дароварда шуда, 80 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд

Дар ноҳияи Ургут, ҶММ “UR JEANS” фаъолияти худро дар асоси лоиҳаи истеҳсоли маҳсулотҳои ҷинс ба маблағи 3,0 миллион доллар оғоз намуд.
Дар корхона 80 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд ва дар як сол ба миқдори 5,4 миллион доллар истеҳсоли маҳсулот, аз он ба миқдори 1,6 миллион доллари ИМА содироти маҳсулотҳо пешбинӣ шудааст.
То имрӯз дар Ургут аз 70 лоиҳа, 43-тоаш фаъолияти истеҳсолии худро оғоз намуда, беш аз 3000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 корхонаҳои мазкур ба маблағи 220,0 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол намуда, ба маблағи 6,6 миллион доллари амрикоӣ содироти маҳсулотро ба роҳ мондаанд.
Дар семоҳаи якуми соли 2020, 2 лоиҳа бо арзиши 3,0 миллион доллар оғоз ёфта, 350 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
Боз 13 лоиҳаи дигар дар тӯли сол ба нақша гирифта шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ